Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яксаду шонздаҳ баҳори як модари тоҷик


«Ай хона баромадум канда-канда,
Дили пурхун доруму лаби пурханда»


Шояд бигӯед, ки ин сурудро аксаран зани кӯҳистоние дар миёни пахтазорон ё болои боми хонаҳои гилин нишаста замзама мекунад. Воқеан ҳам, иштибоҳ намекунед, агар иловатан бигӯед, ин зан 116 (яксаду шонздаҳ) сол дорад.

Ин зани кӯҳансоли тоҷик Мамлакат Каримова мебошад, ки дар иҳотаи 60 (шаст) набераву 50 (панҷоҳ) абераи худ зиндагӣ мекунад. Вай шоҳиди воқеоти се қарн аст, аммо ҳанӯз аз пой намонда. Бе асо раҳ мегардад, чашмонаш рӯшан, хотирааш мустаҳкам ва бурро ҳарф мезанад. Вақте ба дидорбинии ӯ рафтам, нахустин суолам ин буд, ки, сирри дарозумрияш дар чист? Посухи зани 116-сола ҳам хеле кӯтоҳу оддӣ буд:

«Умрдарозию умркӯтаҳӣ ҳамааш кори Парвардигорай. Аммо он қадар кори колхоза кардам, ки устухонҳоям об шуданд. Гандум даравидем, меҳнат кардем. Фақат оби хунуку чормағз мехӯрдаму мегаштам. Вақт намеёфтам, ки таом кунаму бихӯрам»

Мамлакат Каримова дар кӯҳистони Нуробод, ҷануби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Дар синни 13 (сенздаҳ)-солагӣ шавҳар карда, модари ҳашт фарзанд мешавад. Ҳоло духтари бузурги ӯ ҳафтод сол дорад ва ҳамроҳи модари худ умр ба сар мебарад. Фарзандони дигари кампири Мамлакат дар айни миёнсолӣ аз дунё гузаштаанд. Замони наврасии ин зани кӯҳистонӣ ба давраи тороҷгарии босмачиён рост меояд. Вай таърихи тӯйи арӯсии худ ва босмачиёнро чунин қисса мекунад:

«Тӯйи арӯсии ман аҷоиб буд. Ош карданду гӯсфанд куштанду суруд хонда арғушт рафтанд. Доира заданду ҷонуме, ёруме гуфтанд. Баъд ба болои аспе шинонида ба хонаи хушдоманам бурданд. Умре рӯйи мактаба надидам. Давраи босмачигарӣ буд. Мегуфтанд, ки касе мактаб равад кофир мешавад. Метарсидем. Охир, босмачиҳо тика-тика мекарданд».

Мамлакат Каримоваи 116-сола мегӯяд, боре дар умри худ ба табиб муроҷиат накарда, дору истеъмол нанамудааст. Вай дар колхози собиқ Шӯравӣ меҳнат карда, дар парвариши пилла ва ҷамъоварии тамоку саҳм гузоштааст. Ҳанӯз ҳам аз истеъмоли ҳама анвои хӯрданӣ парҳез намекунад.

Бо умеди 116-солагии ҳар яке аз Шумо,
XS
SM
MD
LG