Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани 70 узви Толибон дар муҳорибае бо НАТО


НАТО мегӯяд, дар як муҳорибаи чаҳорсоата байни сарбозони ин созмон ва ҳаракати Толибон дар шимоли Афғонистон беш аз 70 узви Толибон кушта шуданд.


Сарбозони кишвари Дания, ки дар Афғонистон дар ҳайъати нерӯҳои НАТО хидмат мекунанд, дар маҳаллаи Мӯсо Қалъаи вилояти Ҳилманд дар шимоли Афғонистон зери оташборон афтидаанд ва барои кӯмак ба нерӯҳои пиёдагард, ҳавопаймоҳои низомии НАТО даъват шудааст.


Дар ин задухӯрд беш аз 70 узви ҳаракати Толибон кушта шудааст ва аз кушташудаҳо ва захмиён миёни сарбозони НАТО хабар дода намешавад.


Субҳи ҳамон рӯз дар Қандаҳор дар пайи таркиши як мошини бомбгузоришуда ду афғон ҷони худро аз даст доданд ва се сарбози НАТО ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG