Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки IFC барои рушди бахши соҳибкории Тоҷикистон


Бунгоҳи байналмилалии дороӣ - IFC, ки ниҳоди марбут ба Бонки ҷаҳонист, тасмим гирифтааст, барои ташвиқи тиҷорати хурд ва миёна дар Тоҷикистон 2,5 миллион доллари амрикоӣ ихтисос бидиҳад.


Дар ин замина қарор аст, имрӯз, 4- декабр дар шаҳри Душанбе миёни дафтари тоҷикистонии Бунгоҳи байналмилалии дороӣ ва «Тоҷиксодиротбонк» қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расад.


Бино ба иттилоъи масъулини Бунгоҳи байналмилалии дороӣ дар Тоҷикистон, маблағи мавриди назар бо ҳадафи таъсиси бахши вижаи ироаи қарзҳои бонкӣ мавриди истифода қарор мегирад.


Ин бахш, гуфта мешавад, дар заминаи яке аз дафтарҳои «Тоҷиксодиротбонк» фаъол мегардад ва ироаи вомҳои кӯчаку миёна барои бахши соҳибкорӣ самти аслии фаъолияти онро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG