Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ идома дорад


Дар ин дидор се голи тими ғолибро Низом Раҳимов ба ҳадаф расонд. Ду голи дигари «Регар» ТадАЗ ба Аббос Абдуллоев ва Маъруф Рустамов мансуб аст. Як голи дастаи меҳмонро Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвозаи тими мизбон кард.

«ХИМА»-и Душанбе, ки бозиҳояшро ба анҷом расондааст, дар ҳамин ҳол бо 54 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ бо 49 имтиёз дар мақоми дуввум мебошад. Футболбозони шаҳри Турсунзода танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар ду бозии боқимонда 6 декабр дар майдони худ бо CSКА-и Душанбе ва 9 декабр дар меҳмонӣ бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ба унвони қаҳрамонӣ даст хоҳанд ёфт.

Барои дарёфти медалҳои биринҷӣ тимҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров талош мекунанд. Ҳарду 44 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Вахш» дар ҷойи севвум ва «Парвоз» дар ҷойи чаҳорум қарор гирифтаанд. Барандаи ҷоизаи севвуми масобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 5 декабр дар ду бозии охирин миёни тимҳои «Тоҷиктелеком» ва «Вахш» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, «Хуҷанд» ва «Парвоз дар шаҳри Хуҷанд муайян мешавад.

Ҳамлагар Сӯҳроб Ҳамидов, аз дастаи «ХИМА» ва Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари тими «Парвоз», ки ҳар кадом 18 голӣ задаанд, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар мақоми аввал қарор доранд. Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком») бо 15 гол дар мақоми севвум аст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвал то 5 декабр
Б Ғ М Б Т И
1. «ХИМА» 22 17 3 2 58-15 54
2. «Регар» ТадАЗ 19 15 1 3 49-12 46
3. «Вахш» 21 14 2 5 38-18 44

4. «Парвоз» 21 14 2 5 37-25 44
5. СSKA 21 11 2 8 37-27 35
6. «Тоҷиктелеком» 20 11 2 7 36-28 35
7. «Хуҷанд» 21 9 3 9 27-31 30
8. СКА «Помир» 21 5 4 12 23-38 19
9. «Саройкамар» 22 5 2 15 27-50 17
10. «О.Каримзод» 22 4 4 14 22-39 16
11. «Ориёно» 21 3 4 14 24-48 13
12. «Динамо» 22 0 6 16 12-59 6
XS
SM
MD
LG