Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House алайҳи номзадии Қазоқистон


Freedom House, созмони мустақили ғайридавлатӣ, ки озодиву ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандонро арзёбӣ мекунад, бо пахши баёнияе изҳор кардааст, ки САҲА дархости Қазоқистонро барои дастёбӣ ба раисии даврии ин созмон дар соли 2009 бояд рад намояд. Бино бар баёнияи FH, дар ин кишвар демократия дар сатҳи поин қарор дорад ва Қазоқистон талаботи калидии ин созмонро иҷро намекунад. Аз ин хотир, ба таъкиди Freedom House, Қазоқистон алъон омода нест, ба созмоне, ки ғояҳои демократии аврупоиро муаррифӣ менамояд, сарварӣ кунад, гуфтааст Ҷенифер Виндзор -раиси иҷроияи Freedom House.


Тибқи ин баёния, худи САҲА интихоботи раёсати ҷумҳури кишварро, ки дар он Нурсултон Назарбоев 91 дарсади ройро касб карда буд, чун маъракае, ки ба меъёрҳои ин созмон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ нест, арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин, тибқи гузориши ҳарсола, FH барои сатҳи поини раванди демократӣ ва озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ Қазоқистонро ба сафи кишварҳои ноозод шомил кардааст.


Сиёсатшиноси қазоқ Досим Сатпаев низ чунин мавқеъгирии Хонаи Озодиро дуруст шуморида мегӯяд, ки эҳтимол дорад, Қазоқистон дар ин давра раёсати ин созмони бонуфузро соҳиб шуда натавонад ва дар ин роҳ имконоти нокомии он бештар аст. Вале Евгений Жовтис, сарвари дафтари байналмилалии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон бар он назар аст, агар Қазоқистон сарвариро ба даст орад, барои рушди демократия судмандтар аст аз нокомии он дар ин роҳ. Ба андешаи оқои Жовтис, баъди соҳиб шудан ба мақоми сарварии ин созмон, Қазоқистон бо эҳсоси масъулияти бузург барои пиёда кардани аҳдофи демократӣ кӯшиш хоҳад кард. Ҳамчунин, таъсири ин кишвар дар ин робита ба ҳамсоякишварҳо низ бештар хоҳад шуд ва ин омиле барои рушди демократия дар минтақа хоҳад буд.


Қарор аст, баррасии масъалаи номзадии Қазоқистон барои соҳиб шудан ба раисии даврии САҲА дар соли 2009, рӯзҳои 4-5 декабр дар Брюссел сурат гирад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG