Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъини рӯзи ҷаласаи муштараки палатаҳои порлумони Тоҷикистон


Интизор меравад, рӯзи 16 декабр ҳайъати нави ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ бигардад.


Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон зери як қароре имзо гузоштааст, ки мувофиқи он дар таърихи 16 декабр ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои порлумони Тоҷикистон баргузор мешавад. Тибқи қонунҳои кишар фармонҳои раиси ҷумҳур дар мавриди барканорӣ ва таъини соҳибмақомон бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон тасдиқ бишавад.


Як рӯзи қабл, 15 декабр ҷаласаи ҳаштуми Маҷлиси Миллӣ баргузор мешавад. Чунин қарорро раиси Маҷлиси Миллӣ, Муҳаммадсаид Убайдуллоев имзо кардааст. Аз масоили матруҳаи ин ҷаласа қонунҳое будаанд, ки дар як моҳи ахир аз ҷониби палатаи поёнии порлумон, Маҷлиси Намояндагон қабул шудаанд.
XS
SM
MD
LG