Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси вилояти Суғд аз мансаб барканор шуд


Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи дуюми декабр раиси ҳукумати вилояти Суғд - Қосим Қосимов аз вазифа сабукдӯш шуд. Тибқи як фармони дигари президент Раҳмонов, ба симати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдуқоҳир Нозиров - вазири пешини Вазорати мелиоратсия ва ззахоири оби Тоҷикистон таъйин гашт.


Қосим Қосимов - раиси пешини вилояти Суғд, муовини авввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон чун яке аз ашхоси наздик ва босадоқати раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври бесобиқа дар байни вилоёти дигари ин кишвар дар муддати 11 сол, шурӯъ аз соли 1996 - и милодӣ курсии раҳбарии вилояти Суғдро дар ихтиёр дошт. Тибқи фармони президент Раҳмонов, Қосимови 43 сола ба сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа барканор шудааст. Аммо ҳамзамон ба ин амри таъйин кардани вай ба вазифаи дигар аз ҷониби раиси ҷумҳур, дар ҳоле ки мақомҳои аввал дар ҳукумат ва вазоратхонаҳои Тоҷикистон гузошта шуда, танҳо курсии раиси дастгоҳи президент холист, содир нашудааст.


Субҳи рӯзи шанбеи дуюми ноябр сарвазири ҳукумати Тоҷикистон - Оқил Оқилов дар Хуҷанд, дар толори ҳукумати Суғд бо баргузории як ҷаласаи васеъ бо ширкати мақомоти ҳукумати вилоят ва намояндаҳои ҳукумати ҷумҳур иҷрокунанадаи вазифаи раиси вилоят - Абдуқоҳир Нозировро муаррифӣ кард. Абдуқоҳир Нозиров 46 сола буда, зодаи ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошад. Ӯ то таъин шудан ба симати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд, дар давоми солҳои 2000 - 2006 вазири пешинаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об буд.


Вилояти Суғд дар канори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дуюмин аз вилоёти Тоҷикистон аст, ки баъди расидани Раҳмонов ба навбати нави президентӣ раҳбараш аз вазифа сабукдӯш гардид.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG