Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маризие, ки дунёро дигар намуд


Якуми декабр рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи СПИД аст. Кофе Аннон, дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар Ню-Ёорк гуфт, ки бемории ВИЧ СПИД дунёро иваз кард:

Дар 25 соли гузашта бемории ВИЧ СПИД дунёро иваз кард. Аз ин беморӣ беш аз 25 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва 40 миллион нафари дигар гирифтори ин беморӣ шудаанд. Ин беморӣ бузургтарин омили боздошти рушди инсоният шудааст. Ба ибораи дигар, ин беморӣ бузургтарин чолиш барои насли мо шудааст.

Ҳамчунин, Кофе Анан гуфт, ки ҷаҳон муддатҳои тӯлонӣ хатари ин бемориро нодида мегирифт. Аммо дар 10 соли ахир, ба эътиқоди дабири кулли СММ, муносибат ба ин мушкили комилан иваз шуда ва ҷаҳон бо ин беморӣ муборизаро дубора шурӯъ кардааст.

Феълан беш аз ҳар вақти дигар барои мубориза алайҳи ин бемори захираҳои зиёде ваъда шудааст, ҳоло мардум ба васоили нави зидди вирус дастрасӣ доранд, ки ҳеҷ гоҳ надоштанд ва ҳоло ба баъзе кишварҳо муяссар шудааст, ки аз густариши ин беморӣ беҳтар аз ҳар вақти дигар ҷилавгирӣ кунанд. Аммо густариши ин беморӣ идома дорад ва мо бояд беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид бошем

Тибқи омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт шумори гирифторони ВИЧ СПИД дар кишварҳои Осиё дар соли 2006 ба беш аз 8,5 миллион нафар расидааст. Севара Комилова, раҳбари созмони ғайридавлатии Гули Сурх дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон низ бемории ВИЧ СПИД дар ҳоли густариш аст.

Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки Тоҷикистон дар марҳалаи аввали эпидемияи бемории ВИЧ СПИД қарор дорад ва ин беморӣ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Танҳо дар соли равон дар Тоҷикистон 121 нафар гирифтори бемории ВИЧ СПИД шудаанд, ки моҳе тақрибан 12 нафарро ташкил медиҳад. Вале ин бар асоси танҳо омори расмист. Коршиносон шумори воқеъии гирифторон ба ин бемориро дар Тоҷикистон назар ба арқоми расмӣ бамаротиб бештар ҳисоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG