Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мавсими минрубӣ дар Тоҷикистон


Маркази миллии минрубии Тоҷикистон хабар аз анҷоми фаъолияти минрубии худ дар мавсими соли - 2006 додааст.
Ҷонмаҳмад Раҷабов бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт ин тасмим бинобар номусоид омадани боду ҳавои имсола гирифта шудааст. Вай натоиҷи амалиёти имсолаи Маркази миллии минрубиро бо истифода аз сагҳои минруб ва вазьи беҳтари имконоти молӣ муваффақона хонд ва афзуд:

«Ҳудуди 280 000 метри мураббаъ замин аз вуҷуди мина тоза намудем. Беш аз 1000 адад минаҳо кашф ва безарар гардонида шуд. Ҳамзамон зиёда аз 50 муҳимоти нотаркида хунсо гардонида шуд»


Оқои Раҷабов ҳамчунин афзуд роҳбарони гурӯҳхои безарарсоз дар рӯзҳои наздик як давраи омӯзиширо,ки тарзи маҳви моддаҳои мунфачираро дар бар мегирад, пушти сар хоҳанд кард. Аммо оқои Раҷабов гуфт ҳоли ҳозир омодагӣ барои мавсими оянда шурӯь ёфтааст ва аз кишварҳои кумакрасон чиҳати поккории майдони мингузоришуда панҷ миллион доллар дархост шудааст.


Ҳамчунин оқои Раҷабов таькид бар он дошт дар рӯзҳои наздик 5 мавзеьи аз мин поккорӣ шудаи Чорчароғ, Роҳи Шули нохияи Рашт, мавзеъи Ҳалкаёри ноҳияи Панҷ ва маҳаллаи Иштиёни ноҳияи Тавилдара ба мақомоти маҳаллӣ супорида хоҳанд шуд.Тибқи иттилоъи Маркази минрубии Тоҷикистон соли равон 17 нафар ба минаҳои зиддинафар бархурдаанд,ки аз ин миён 5 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Маҳмуди Шодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG