Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири сохтори идории ҳукумати Тоҷикистон


Бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлати Тоҷикистон тағйир хурдааст.Ҳамакнун сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи ин кишвар аз ниҳодҳои вобастаи президент, кумитаҳои давлатӣ ва вазоратҳо, идораҳои назди ҳукумат ва аз Шӯрои адлия ва амнияти Тоҷикистон мураккаб гардид.

Тибқи ислоҳоти сохтори идорӣ шумори вазорат ва кумитаҳои давлатӣ аз 25 ба 17 ва теъдоди идора ва кумитаҳои назди ҳукумат аз 15 ба 13 адад коҳиш дода шудааст. Ниҳоди тозатаъсис дар назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Оҷонсии мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноёти иқтисодӣ мебошад,ки қаблан ин салоҳиятҳо дар ихтиёри додситонии кулл ва вазорати умури дохила қарор дошт.

Бар асоси ин тағйирот вазорати даромадҳо ва пардохтҳо барҳам хурда, масъулияти ин ниҳод ба ихтиёри ду мақоми ҷадид -Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз дар назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ҳамчунин дар заминаи ду вазорати саноат ва энергетика як вазорати энергетика ва саноат бо фарогирии бархе аз масъулиятҳои вазорати кишоварзӣ таъсис дода шудааст.

Ва аммо аз тағйиротҳои дигар дар сохтори ҷадиди давлати Тоҷикистон барҳам додани кумитаи давлатии марзбонӣ ва вазорати амният мебошад, ки дар заминаи ин ду ниҳод кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис ёфт.Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон низ барҳам хурда, вазоиф ва салоҳиятҳои он дар ихтиёри вазорати фарҳанг супорида шудааст. Ҳамчунин яке дигар аз тағйироти сохторӣ ба тобеъияти вазорати дохила қарор додани хадамоти муҳоҷират мебошад,ки қаблан дар тобеияти вазорати меҳнат қарор дошт.

Дар тавзеҳоти фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба таъсиси сохтори ҷадиди давлат таъкид шудааст, ки ин ислоҳот бо ҳадафи сарфаи маблағ, коҳиши шумори афроди мансабдор ва ҳамин тавр таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти марказии иҷроия ва таъмини рушди босуботи иқтисоди кишвар гузаронида мешавад.

Ин дар ҳолест,ки ба бовари бархе аз мунтақидони сиёсии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите, ки дар кишвар таҷзияи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ нашудааст ва раиси ҷумҳурӣ аз ваколат ва салоҳияти ба маротиб зиёд бархурдор аст, баргузории як чунин ислоҳоти сохтори идорӣ беаҳамият хоҳад буд.Ба эътиқоди Шокирҷони Ҳаким- муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ аз аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон ислоҳоти мазкур ба хотири ба даст овардани ризоияти созмонҳои молиявии байналмилалӣ сурат гирифтааст:

«Низоми ҳокимияти Тоҷикистон ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад. Вале онро мо бояд дар заминаи гузаронидани интихоботи нав ба порлумони Тоҷикистон,ки ҷойгиршавии қувваҳои воқеъии сиёсии кишварро ифода кунад, инчунин камтар кардани салоҳияти раиси ҷумҳур мушаххас намудани мақоми сарвазир дар низоми ҳокимият ,ихтисор кардани Маҷлиси Миллӣ дар порлумони Тоҷикистон бештар кардани шумораи вакилон дар Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин шояд ихтисори марказҳои маъмурии вилоятҳо пухта расидааст ноил гардидан мумкин»

Бархе дигар аз коршиносони мустақил бар ин нукта ишора мекунанд, ки бо барҳам додани як идда аз мақомоти марказӣ ва ё ба ҳам овардани бархеи дигар аз ин мақомот ислоҳоти сохториро наметавон муфид ва коромад арзёбӣ кард агар, ки шумори кормандони он ҳам дар марказ ва ҳам дар вилоёт ва навоҳӣ бетағйир бимонад.
XS
SM
MD
LG