Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қатар Бозиҳои Осиёӣ оғоз шуд


Варзишгарони тоҷик дар маросими кушоиши понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ, ки рӯзи ҷумъаи 1 декабр дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор шуд, ширкат карданд.

Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар понздаҳумин давраи ин бозиҳо, ки то рӯзи 15 декабр идома хоҳад кард, беш аз 13 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора рақобат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳудуди 90 варзишгар дохиланд,ки онҳо дар 14 ришта ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Хонум Набиева афзуд: «Варзишгарони тоҷик барои чаҳорумин бор аст, ки дар Бозиҳои Осиёӣ ширкат меварзанд. Вале дар се давраи ин бозиҳо ягон намояндаи Тоҷикистон ба унвони қаҳрамонӣ даст наёфтааст. Мо ҳамагӣ 8 медал - 2 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст овардаем. Бинобар ин варзишгарони мо дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар барои дарёфти шумори бештари медалҳо, минҷумла нишони тилло талош хоҳанд кард. Мо аз намояндагони худ дар риштаҳои бокс, гуштии дзюдо, тирандозӣ, варзиши сабук, каратэ-до ва таэквон-до натоиҷи баландро чашмдорем.»

Гурӯҳи аввали варзишгарони тоҷик дар риштаҳои волейбол, таэквон-до, тенниси рӯи миз, бокс, гуштии дзюдо, теннис, тирандозӣ, каратэ-до ва софт-теннис рақобат мекунад. Гурӯҳи дигари варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо дар риштаҳои варзиши сабук, гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ, гуштии озод, камонварӣ ва қаиқронӣ рӯзи 5 декабр ба Қатар сафар хоҳад кард.

Маросими кушоиши понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ, ки дар варзишгоҳи «Халифа»-и шаҳри Доҳа дар ҳузури 50 ҳазор тамошогар баргузор шуд, тӯли севвуним соат идома кард. Дар барномаи намоишии таҳиякардаи коргардони лоиҳа ва раҳбари бахши фарҳангии Бозиҳои Осиёӣ Шариф Умар Ҳошишоҳ ҳафт ҳазор ҳунарманд ширкат варзиданд. Ин маросимро ҳудуди се миллиард бинандагони телевизион дар тамоми ҷаҳон тамошо карданд.
XS
SM
MD
LG