Пайвандҳои дастрасӣ

ТАЪЙИНИ ҲУКУМАТИ НАВ


Ин хати сабз шуморо рӯи дигаргуниҳои ахири кадрӣ ва сохтории ҳукумати Тоҷикистон мебарад. Шумо дар мавриди ин тағйирот чӣ назар доред?

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест



Ҳукумати Тоҷикистонро мардум худаш интихоб кардааст. Агар мардум норозӣ бошад, ҳатман шӯриш мекунад. Лекин ҳама ҷо хомӯшист. Шояд аз тарс бошад. Ба ҳар ҳол, ҷаноби олӣ бояд боинсоф бошад ва аз хомӯшии одамон истифода карда ҷабру ситамро зиёд накунад.
Раҳим, шаҳри Ваҳдат

Салом,
Ҳамон вазирҳо дар дигар вазифа, яъне тағйирот?
Бо эҳтиром, бародар

Ба назари ман, тағйироте, ки дар сатҳи вазоратҳо шудааст, ҳамоҳангӣ надорад. Вазорати коммуникатсия бо роҳ чӣ иртибот дорад? Баъд, ҷаноби Зувайдов як фарди мутахассис дар соҳаи иртибот буд ва ба талошҳои ӯ буд, ки мо имрӯз шоҳиди рушди Интернет ва Мобил ҳастем дар Тоҷикистон. Вале супурдани як вазорати муҳим ба дасти афроди ғайримутахассис ин вазоратро ба шаҳри Душанбе табдил мекунад. Ба ҷузъ вазири умури хориҷа бақияи вазирҳо ҳама ғайримутахассис ва интихоби онҳо сирфан ҷанбаъи дӯстӣ, наздикӣ дорад ва аз ҳамфикрони ҷаноби олӣ мебошанд.
Бо эҳтиром, Салимҷон
XS
SM
MD
LG