Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқил Оқилов боз ҳам сарвазири Тоҷикистон таъин шуд


Оқил Оқилов барои бори дуввум сарвазири Тоҷикистон таъин шуд Ҷаноби Оқилов аз соли 1999 ба ин тараф ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳарду муовинони ӯ, Асадулло Ғуломов ва Хайриниссо Мавлонова низ дар вазоифи худ таъин шудаанд.


Субҳи имрӯз, ҳамчунин собиқ вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ Ғулом Бобоев вазири вазорати тозатаъсиси рушди иқтисодӣ ва савдои кишвар таъин шудааст. Собиқ вазорати иқтисод ва савдоро Ҳаким Солиев раҳбарӣ мекард.


Шералӣ Гулов, собиқ раҳбари Кумитаи давлатии амволи давлатӣ вазири вазорати тозатаъсиси энержӣ ва саноат таъин шуд. Ин вазорат дар заминаи вазоратҳои энержӣ (собиқ вазир Абдулло Ёров) ва саноат (собиқ вазир Зайд Саидов) таъсис шудааст.


Сафаралӣ Наҷмуддинов боз ҳам дар маснади қаблии худ, вазири молия таъин шуд.


Абдураҳим Ашӯров, ки қаблан вазири нақлиёт буд, ҳамакнун, вазири нақлиёт ва коммуникатсия таъин шуд. Қабл аз тағйироти сохторӣ, вазорати алоҳидаи алоқаро Саид Зувайдов идора мекард.
XS
SM
MD
LG