Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирҳои нави маориф, беҳдоштӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва меҳнат


Хайриниссо Мавлонова, боз дар вазифаи қаблии худ, муовини сарвазири кишвар таъин шуд.


Абдуҷаббор Раҳмонов боз ҳам вазири маориф таъин гардид.


Дар вазорати фарҳанг ба ҷои Раҷабмад Амиров, собиқ раҳбари идораи фарҳанги ҳукумати Душанбе, Мирзошоҳрух Асроров таъин шудааст. Ҷаноби Амиров дар маснади вазирӣ аз соли 2004 фаъолият мекард.


Раҳбари вазорати беҳдошти Тоҷикистон низ чеҳраи нав таъин шудааст. Дар ин маснад Нусратулло Файзуллоевро раҳбари шӯъбаи беҳдоштии Дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ Раъно Абдураҳмонова иваз намудааст.


Шукурҷон Зуҳуров, собиқ вакили порлумони Тоҷикистон дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зокир Вазировро иваз намуд. Ҷаноби Вазиров ду соли ахир раҳбарии ин вазоратро бар дӯш дошт.


Абдураҳим Қодиров, собиқ раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Тоҷикистон таъин шуд. Қаблан, аз соли 2004 вазорати кишоварзиро Ворис Мадаминов идора мекард.
XS
SM
MD
LG