Пайвандҳои дастрасӣ

CПИД миёни муҳоҷирони корӣ ҳаст?


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо таъсиси 30 ҳуҷраи дӯстона дар шаҳру навоҳии кишвар мехоҳад, шумори ҳарчӣ бештари шаҳрвандонро, ки азми муҳоҷирати корӣ доранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронад. Ин тасмим дар робита ба натоиҷи таҳқиқоте, ки маълум кардааст, беш аз ду дарсади муҳоҷирон мубталои бемории СПИД, ё Эйч-Ай-Виянд, пеш гирифта шудааст. Яъне аз 635 ҳазор муҳоҷири корӣ, ки ба иттилоъи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, феълан дар хориҷ аз кишваранд, тақрибан 1300 нафар гирифтори бемории СПИДанд. Пизишкони ин ҳуҷраҳои дӯстона ба муҳоҷирони корӣ хизмати ройгони тиббӣ мерасонанд ва вазъи саломатии онҳоро пас аз бозгашт ба Ватан ташхис ва дар ҳоли зарурат муолиҷа мекунанд. Гулбаҳор Муродова, раиси Созмони ҷамъиятии мавсум ба «Муҳоҷират» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба радиои «Озодӣ» гуфт, барои муоина ва машварат ба созмони мазкур 180 муҳоҷири корӣ муроҷиат кардааст ва дар бадани иддае аз онҳо амрози сироятӣ кашф шудааст:

Дар натиҷаи ташхиси амиқ муайян гардид, ки аз ин миён 16 нафар ба касалиҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, яъне оташак, сӯзок гирифтор шуда буданд ва ҳамаи онҳо дар Русия ҳангоми муҳоҷират мубтало гардидаанд. Аз семинарҳое, ки дар шаҳру навоҳии Хатлон барпо кардем, ҳамин хел хулоса кардам, ки бисёре аз муҳоҷирон намедонанд, ки бемории СПИД чист, ҳатто дар ин бора нашунидаанд. Ана ҳамин ташвишовар аст.

Ҳамзамон ҳолатҳои сироятёбии ҳамсарони муҳоҷирон низ мушоҳада шудаанд. Яъне ба ҷуз ин ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ва ҷамоҳири дигар бо ҳамёни пул бармегарданд, инчунин бемориҳои гуногуни сирояткунанда мисли оташак ва норасоии масунияти баданро бо худ меоранд. Тибқи омори расмӣ, шумори гирифторони СПИД дар Тоҷикистон ба 650 нафар наздик аст, аммо коршиносон иддао пеш меоранд, ки дар ин кишвар 10 ҳазор нафар бо ин беморӣ ба сар мебаранд. Моҳиннисо Шоназарова, коршинос ва сарвари созмони ҷамъиятии «Ахтари бахт», ки дар роҳи мубориза ва ҷилавгирӣ аз густариши бемории СПИД миёни муҳоҷирони корӣ фаъолият мекунад, ба радиои Озодӣ гуфт, воқеан аксари кулли мубталоёни СПИД дар Тоҷикистонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд:

Вақте ки муҳоҷирон дуру дароз дар Русия меистанд, албатта ягон чораи дилхушӣ нест, онҳо ба кӯча баромада наметавонанд, аз ин рӯ онҳо вақти муайян меёбанду бо зани эҳтимолан мубталои СПИД дилхушӣ мекунанд. Ин аст, ки шумораи мубталоёни СПИД миёни муҳоҷирони кори тоҷик рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Масалан, дар моҳи апрели имсол 346 гирифтори СПИД ба қайд гирифта шуда бошад, дар моҳи сентябр ин шумора ба 560 нафар расид ва ҳоло аз ин ҳам бештар аст. То анҷоми сол шояд ин рақам боз ҳам боло равад.

Намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки гузашта аз ин ки худи муҳоҷирони корӣ дар бораи бемориҳои сироятӣ маълумоти зарурӣ надоранд, онҳо барои мардикорӣ шаҳрҳоеро интихоб мекунанд, ки шумори мубталоёнаш ба амрози сироятӣ, аз ҷумла СПИД дар ҳоли афзоиш аст. Рухшед Раҷабӣ, корманди Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар ин иртибот мегӯяд:

Муҳаққиқони ташкилоти мо ҳисоб кардаанд, ки дар Русия тақрибан як миллион гирифтори бемории СПИД зиндагӣ мекунад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик асосан сафар мекунанд ба навоҳии тараққикардаи Русия. Ва ин минтақаҳои рушдкардаи саноатӣ марказҳои «касалӣ» ба ҳисоб мераванд. Модоме ки муҳоҷирон ба ин ноҳияҳо сафар мекунанд, азбаски сабти қонунӣ надоранд, маҷбур мешаванд, ба муносибатҳои барои саломатиашон хавфнок даст зананд.

Дар ҳоле ки коршиносон мегӯянд, аксари муҳоҷирони корӣ маърифати нокифояи тиббӣ доранд ва аз ин рӯ гирифтори амрози зӯҳравӣ мешаванд, дар марокизи ғайриалании тиббии пойтахт ҳамарӯза шуморе аз муҳоҷирони корӣ дида мешаванд. Яке аз ин муҳоҷирон, ки аз зикри номаш худдорӣ варзид, гуфт:

Мақсад аз омаданам ба ин марказ пас аз муҳоҷират ин аст, ки барои эҳтиёт як бор худамро санҷам, ҳоло хун супоридам. Вале бовар дорам, ки СПИД дар ман нест, танҳо барои дилпурӣ ва худамро нағз ҳис кардан ба ҳамин марказ омадам.

Бо ин ҳама, коршиносон ҳисобидаанд, ки барои анҷоми умури фаҳмондадиҳии муҳоҷирони корӣ ва ҷилавгирӣ аз сироятёбии онҳо ба бемориҳои зӯҳравӣ ва СПИД солона беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст. Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ низ мегӯянд, ҳанӯз он фаъолияте, ки онҳо дар роҳи муҳоҷирати корӣ доранд, нокифоя аст ва натиҷааш ин аст, ки муҳоҷирони корӣ бинобар мубталои бемориҳои гуногун шудан дар хориҷи кишвар вафот мекунанд. Танҳо дар соли ҷорӣ 71 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари бемориҳои гуногун дар Русия реҳлат кардаанд.
XS
SM
MD
LG