Пайвандҳои дастрасӣ

Шералӣ Хайруллоев вазири нави дифоъи Тоҷикистон таъйин шуд.


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздиди худ аз Вазорати дифоъи Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъаи 1-декабр Шералӣ Хайруллоевро ба ҳайси вазири ҷадиди вазорати дифоъи ин кишвар муаррифӣ намуд.


Пас аз анҷоми маросими адои савганди раиси ҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон ва ба истеъфо рафтани Ҳукумати қаблии ин кишвар Шералӣ Хайруллоев иҷрокунандаи вазифаи вазири дифоъи Тоҷикистон аввалин узви кобинаи Ҳукумати нави Тоҷикистон аст, ки бо фармони президенти ин кишвар ба симати вазири дифоъи Тоҷикистон мансуб мегардад. Генерал - полковник Шералӣ Хайруллоев аз моҳи апрели соли 1995 дар раъси Вазорати дифоъи Тоҷикистон қарор дорад.


Қарор аст, имрӯз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин сарони нави Вазорати умури дохила ва Вазорати амнияти кишварро муаррифӣ ва таъйин кунад.
XS
SM
MD
LG