Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйирот дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон


Ҳамакнун, мувофиқи ин силсилаи фармонҳо, ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистон аз ниҳодҳои назди раиси ҷумҳур, ҳукумат, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои давлатӣ иборат мебошад.


Сохтори нави ниҳодҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар назди раиси ҷумҳур се ниҳод хоҳад буд, якеи он, Оҷонсии мубориза бар зидди фасод ва ҷароими иқтисодӣ нав таъсис ёфтааст.

Бархе аз вазоратҳо ба ҳам оварда шуда ва бархеи дигар ба кумита табдил дода шудаанд. Аз 19 вазорати собиқ 14 вазорат таъсис ёфтааст. Аз ҷумла, вазоратҳои энержӣ ва саноат, вазоратҳои нақлиёт ва алоқа ба вазоратҳои воҳид табдил ёфтаанд. Вазорати амният ба кумитаи амният, вазорати изтирорӣ ба кумитаи изтирорӣ табдил ёфтаанд.


Рӯйхати мақомоти марказии барҳамдодашудаи ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бархе аз кумитаҳо ҳам як шуда ва бархеи дигар ба тобеъияти ниҳодҳои дигар рафтаанд. Аз ҷумла, кумитаи оид ба корҳои ҷавонон ва варзиш як шудааст, кумитаи дин ба тобеъияти вазорати фарҳанг рафтааст.

Вазоифи бархе аз ниҳодҳо ба ниҳодҳои дигар вобаста шудааст, аз ҷумла, масоили марбут ба муҳоҷиратро акнун вазорати умури дохилӣ масъулаш мебошад, омӯзишгоҳҳои касбӣ аз сохтори вазорати меҳнат хориҷ шуда ба вазорати маориф вогузор шудааст.


Феҳраси вазоифи нави ниҳодҳои давлатӣ.


Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ҳадафи ин тағийрот дар сохтори ҳукумат - мутобиқ гардонидани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, хароҷоти самараноку сарфакоронаи маблағҳои буҷавӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG