Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйирот дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмонов шоми панҷшанбе, 30 ноябр бо судури як силсила фармонҳо дар сохтори ҳукумат тағйирот ворид карда ва аъзои ҳукумат, бо шумули сарвазир Оқило Оқилов, ҳарду муовинони ӯ, раҳбарони вазоратхонаҳо ва руъасои кумитаҳои марбути ҳукумати Тоҷикистонро аз мақом озод кард. Ва аммо то ҳол дар бораи таъйини кадом як узви нави ҳукумат фармон содир нашудааст.

Бар асоси тағйироти сохторие, ки Раҳмонов қабул кард, аз ҷумла 26 вазоратхонаву кумитаҳои марбути ҳукумати Тоҷикистон барҳам дода шуданд. Дар ивази вазоратхонаҳои саноат ва энержӣ акнун як вазорати воҳиди саноату энержӣ таъсис ёфт. Ҳамин тавр, вазоратхонаҳои мухобирот ва нақлиётро бо ҳам муттаҳид карданд. Дар Тоҷикистон акнун вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорат таъсис ёфта, дар заминаи ду вазоратхонаи дар гузашта мустақили кишовразӣ ва ҳифзи табиат як вазоратхонаи воҳил ташкил дода шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG