Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии дурнамои созмони ҳамкориҳои Шонгҳой


Насибҷони Амонӣ

Қосимҷомарт Токаев - вазири хориҷаи Қазоқистон дар номаи хеш, ки унвонии ширкатдорони конфронси «Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой,фаъолияти имрӯза ва дурнамо» ирсол намуд, гуфтааст ин созмон ҳама имконотро дорад, ки ба ниҳоди дорои аҳамияти ҷахонӣ табдил ёбад.


Ширкатдорони нишаст аз нақши афзояндаи ин созмон ҳарф зада, ҳамзамон таъкид намуданд, ки фаъолияти сиёсии ин созмон дар қиёс бо ҷанбаи иқтисодии он муассиртар ба назар мерасад. Аз ҷумла донишманди рус Вячеслав Амиров мегуяд, ки дар фаъолияти сиёсии ин созмон пешравиҳое ба назар мерасад, вале дар масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ алъон бисёр нуктаҳо норӯшан боқӣ мемонанд.


Оқои Амиров ба ин назар аст, ки агар чунин раванд идома ёбад, сарнавишти ин созмон низ чун Иттиҳоди давлатҳои мустақил хоҳад шуд,ки ҳуҷҷатҳои бешуморе кабул мекунад, аммо бештари онҳо рӯи коғаз мемонанд. Дар робита ба ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ бошад, бештари аҳли назар, аз ҷумла профессори рус Сергей Лузанин гуфт чунин ҳамкориҳо на дар доираи ин созмон, балки ғолибан дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ё дар доираи дигар созмонҳо,аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Уруосиё идома доранд.


Ин дар ҳолест,ки ба андешаи коршиносон самтҳои муҳими фаъолияти ин созмон аз қабили бахшҳои енержӣ,транспорт ва фанновариҳои иттилоотӣ мавҷуданд, ки барои кишварҳои узви созмон судманд ҳастанд. Дар ин робита Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шонгҳой бояд барномаҳоеро барои кулли кишварҳои узви созмон омода ва роҳҳои пиёдасозии онҳоро мушаххас созад.


Ҳамчунин дар конфронс пешниҳод гардид, ки ҷиҳати таъмини амнияти минтақа созмон бояд бо ҷумҳурии Афғонистон ҳамкорӣ намояд.Конфронси Созмони ҳамкории Шонгҳой фаъолияти имрӯза ва дурнамо ду руз идома хоҳад кард.
Созмони мазкур соли 2001 арзи вуҷуд кардааст ва ба он кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чин шомиланд.Узбакистон низ баъдан ба он пайвастааст.
XS
SM
MD
LG