Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳазор вараҷа дар Тоҷикистону 150.000 вараҷа дар Афғонистон


Пизишкон мегӯянд, агарчӣ вараҷа ё «қотили рақами як»-и африқоиҳо миёни мардуми оддии тоҷик сару садоҳои зиёдеро монанди бемории норасоии масунияти бадан ба бор наовардааст, аммо пайомадҳои нохуб доштааст. Ба гуфтаи онҳо, вараҷа бемории сироятӣ аст ва он тавассути хомӯшакҳои вараҷаовар ба шахси солим мегузарад.

Сайфиддин Каримов, раҳбари маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ мегӯяд, гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон онҳое будаанд, ки солҳои 1997 ва баъд аз он аз кишвари исломии Афғонистон бозпас омадаанд. Аксари онҳо сокинони минтақаи вилояти Хатлон будаанд. Вай афзуд, Афғонистон манбаъи аслии пайдоиш ва хуруҷи ин беморӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст.

Сайфиддин Каримов: «Соли 1997 шумораи беморони вараҷа тақрибан ба сӣ ҳазор нафар мерасид. Ин, албатта, таҳдиди ногаҳонӣ буд, ки гурезаҳо аз Афғонистон оварда буданд. Ҳукумати кишвар ва вазорати тандурустӣ барои мубориза бурдан барномаи мушаххасе барои солҳои 1997 - 2005 қабул намуд. Тавонистем, ки пеши роҳи паҳншавии ин бемориро зудтар гирем ва сатҳи бемории вараҷаро дар соли 2005 нисбат ба соли 1997 сенздаҳ маротиба кам намоем».

Аммо доктор Абдулвосеъ, ҳамоҳангсози барномаи миллии назорат аз рӯйи бемории вараҷа дар Афғонистон гуфт, кишвари онҳо манбаъи паҳншавии вараҷа ҳисоб намешавад. Ба бовари ӯ, худи минтақаи Осиёи Марказӣ аз назари эпидемолоҷӣ барои бавуҷудоии бемории вараҷа мусоид будааст. Ба қавли доктор Абдулвосеъ, дар шимоли Афғонистон, яъне навоҳии наздимарзии Тоҷикистону Туркманистон ин масъала тақрибан мушоҳида намешавад. Аз пизишки афғон суол кардам, ки аммо шумори гирифторони ин беморӣ чӣ қадаранд

Доктор Абдулвосеъ: «Чор сол қабл гуфта мешуд, сесад ҳазор воқеа ба қайд гирифта шуда буд. Ҳоло ин нишндод ба 157 ҳазор мерасад. Барои мубориза алайҳи ин беморӣ созмонҳои байнулмилалӣ кӯмак мекунанд. Дар ин роҳ проблеми молӣ надорем».

Ҳарчанд ба қавли масъулин поёнравии сатҳи гирифторони вараҷа дар ҷумҳурӣ эҳсос мешавад, аммо Вазорати беҳдошт бо қабули як барнома ният дорад, панҷ соли дигар алайҳи ин беморӣ муборизаи шадид бубарад. Зиёвуддин Афғонов, муовини вазири тандурустӣ гуфт, ҳоло вазъи гирифторони вараҷа комилан таҳти назоратанд ва табобати онҳо куллан ройгон аст.

Зиёвуддин Афғонов: «Моҳи декабри соли 2005 барои минбаъд мубориза бурдан бар зидди ин беморӣ як барномаи дигари миллӣ қабул шуд. Дар ин маврид як лоиҳа ба Хазинаи глобалӣ пешниҳод кардем. Хушбахтона, лоиҳаи мо аз ҷониби онҳо пазиро шуд ва онҳо панҷ миллион доллари амрикоӣ кӯмак карданд. Мо аз ҳисоби маблағи ин хазина кори худро пеш мебарем. Вазъияти вараҷа дар Тоҷикистон ҳоло ором аст».

Ин гуфтаҳо дар ҳолеанд, ки тибқи иттилоъи Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ ҳамасола беш аз панҷсад миллион нафар мубтало ба бемории вараҷа мешаванд.
XS
SM
MD
LG