Пайвандҳои дастрасӣ

Қабули ду барномаи молиявӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ду барномаи молиявӣ: Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пуливу қарзӣ дар соли 2007 ва Барномаи қарзҳои хориҷии ин кишвар барои солҳои 2007 то 2009-ро қабул ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст.


Тибқи иттиллои манобеи расмӣ, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмонов- раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузор гардид, беш аз бист масъала, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо оби пок дар солҳои 2007-2020, масъалаи рушди соҳаи коркарди тавлидоти кишоварзӣ, рушди соҳаи сохтмон ва нақшаи бозкушоии заминҳои обӣ дар манотиқи водии Рашт: яъне, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара ва Нуробод барои солҳои 2008- 2010 мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.


Ҳамчунин дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон низомномаи ҷадиди Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар бахши илму техника ва ҳайати нави аъзои ин кумита тасдиқ шуда ва ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи 1150 солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ - поягузори адабиёти форсӣ дар саросари кишвар қарор қабул гардидааст.


Ва аммо дар ин ҷаласа ҳадафи асосии қабул аз лоиҳаи Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2007 мусоидат ба рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз болоравии сатҳи таваррум арзёбӣ шудааст. Гуфта мешавад, мутобиқи ин санад ҳаҷми вомҳои кучаки бонкӣ дар навоҳии дурдасти кӯҳистон ҷиҳати тавсиаи соҳибкории хурд се маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Барномаи қарзҳои хориҷаи давлати Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 аз ҷумла 71 лоиҳаи қарзиро бо маблағи умумии 1 миллиарду 450 миллион доллари амрикоӣ фаро мегирад. Аз ин миқдори маболиғ 140 миллион доллари онро грантҳо ё кӯмаки ройгон ташкил медодааст.


Тибқи иттиллои манобеи расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми қарзҳои берунаи давлати Тоҷикистон беш аз як миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG