Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НЕРӮИ БАРҚ....


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест



Салом ба мардуми тоҷик. Барои чӣ свет дар деҳот нест? Аввал барои он ки пули светро намесупоред бапуррагӣ, бо ҳар хел роҳҳои пинҳонӣ светро медуздед, аз Худо наметарсед, барои ҳамин Худованд баракаро аз Шумо гирифтааст. Агар шумо аз Худо тарседу пули светро супоред дар вақташ, баъд баромада свет талаб кунед.

Свет? Инаш боз чӣ? Аҳҳҳа, ин ҳамон нерӯе, ки бо он пеш хона равшан мешуду ТВ тамошо мекардем? Он охир аз паси газ ба моли таърих табдил ёфт...Ба ҳар ҳол, дар ҳоли табдил ёфтан аст...Аммо агар ҷиддӣ гӯем, мо ку аллакай ба бесветӣ омӯхта шудаем, ҳамин хел не, руфақои азиз?
Тоҷике аз Торикистон

Салом ба мухлисони ин сомона!
Хуб аст, ки барқатонро хомӯш кардаанд. Айби худатон аст. Барқатонро хомӯш мекунанд, хап, газ намедиҳанд, хап, ҳар рӯз азоб кашида ба кору дарсу хона меравед, яъне маршрутка нест, хап, боз чӣ мефорадатон? Хап нашинед, ки аз ин бадтар мешавед.
Нуфарн

Хайр, чӣ ин қадар шиква мекунед, о ҳамагӣ ду моҳу даҳ рӯзаки дигар аз хунукиву тунукӣ азоб мекашем, боз баҳор, ки омад, ҳамааш хуб мешавад, монед, ки ҳамин мансабдоронамон дар рӯшноӣ гарданд...Ба мо барқ, чӣ даркор, бе он ҳам рӯзамон мегузарад... Асосаш, он галстукдороне, ки дар курсии аз пашми гӯсфанди қароқул сохташуда менишинанду пояшонро ба печкаи барқӣ гарм мекунанд, хунук нахӯранд.. Охир, агар онҳоро сармо занад, кӯдаконашон бе мошинҳои хориҷӣ мемонанд.... Уфффф, бас, давомашро ин навбат менависам, ки ҳозир аз хунукӣ поям аз ҳаракат монд... Дӯстонам ман бароятон равшаниву гармии барқиро таманно намекунам, зеро ин имконнопазир аст, дар мо ин фантастика аст, бигзор дилатон гарму дидаатон равшан бошад....
Боз ҳам дуогӯи шумо, Нуфарн - 4

Онҳое, ки мегӯянд дар деҳот набошад боке нест, онҳо ҳанӯз ҳам аз ҳисси тарсу ғуломӣ набаромадаанд. чаро ки дар деҳа набошад? Мардуми деҳ одам нестанд? Онҳо ба свет ниёз надоранд? Мо бояд талаб кунем аз ҳукумате, ки ба он нав овоз додем - на барои он овоз додем, ки моро дар торикистон ҷой кунанду худ кайфу сафо кунанд.

Салом, мо мӯзадӯзи бемӯзаем, яъне, ки мо дар кишвари дорои захоири азими барқӣ зиндагӣ мекунем, вале барқ надорем. Ҳайф.

Салом, ин аввалин ҳадяи Президент ба миллати шарифи тоҷик - бебарқӣ, бегазӣ. Албатта, ҳадя барои онҳое, ки раъй доданд,

Канӣ свет? Свет тарҷумааш чароғак, акнун бо чароғак дар давраи ибтидоӣ. Ҳастанд одамоне, ки мисли буз шох ва риш доранд ва онҳо свет доранд. Мо бошем мисли гӯсфанд дар оғали торик...

Ин ба мисли асри миёна шуд, Валлоҳ, ки ин зиндагӣ аз Афғонистон кам фарқе дорад. Дар кулли деҳот зиндагии ибтидоӣ мебаранд - рӯз ҳезум гирд меоранд - шаб алову хоб. Куҷо шуданд ҳама лофи Роғуну РусАЛ? Куҷо шуданд ҳама шеърҳо дар бораи боигарии Тоҷикистон? Наход, ки моро гӯсфанд хаёл кунанд то ҳол?

Мисли ҷонвар дар оғили торик

Салом, дар Тоҷикистон барои чӣ свето мемуранд дар зимистон?

Агар дар деҳа бошам, парво ҳам надорам, ки барқ ҳаст ё не. Ҳангоме дар шаҳр ҳастам, бебарқ ягон корам ба пеш намеравад.

Салом, хеле саволи хуб, ба фикри ман дар ҳамин бесветӣ ранги мурда, ки ягон чизро намефаҳмад, одам ҳам ҳамон барин. Мисол, дар деҳот свет набошад, хонаашон торик ва хунук мебошад, аз тамошо ва гӯш кардани ахбор тамоман ғофил мемонанд. Баъд аз реҷа кардани қувваи барқ тамоми мардуми деҳот баъд аз тамоми ахбороти дохил ва хориҷ тамоман бехабар мемонанд. Ба фикри ман, бояд дар як рӯз на камтар аз даҳ соат бояд ба ҳама халқ хоҳ дар деҳоту хоҳ дар шаҳр қувваи барқ диҳанд.
Бо эҳтиром, шунавандаи шумо, Амбиё Раҳмонзода
XS
SM
MD
LG