Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагирӣ аз озмуни «Хабарнигорон алайҳи мухаддирот»


Сафири Амрико дар Тоҷикистон Трейси Эн Ҷейкобсон дар аснои натиҷагирӣ аз озмуни хабарнигорон дар мавзӯи «Ҷаҳони бидуни маводди мухаддир» гуфт, талоши танҳо мақомоти расмии Тоҷикистон дар роҳи мубориза алайҳи харидуфурӯши маводди мухаддир ва ҷилавгирӣ аз афзоиши шумори нашъамандон нокифоя аст. Хонум Ҷейкобсон гуфт, ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва коҳиш додани талабот ба нашъа бояд иттифоқан созмонҳои ғайриҳукуматию байналмилалӣ ва гузашта аз ин тамоми ҷомеа саҳм гузорад.


Ромиш Шералӣ, роҳбари созмони «Интернюс Тоҷикистон», ки яке аз созмондиҳандагони озмун миёни хабарнигорон буд, мегӯяд, ҳадафи ин тадбир мусоидат ба рушди ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон ва такмили ихтисоси хабарнигорон дар соҳаи инъикоси масоили нашъамандист. Ҷаноби Шералӣ инчунин гуфт, ки ният аст, дар соли оянда чанд филми ҳуҷҷатӣ оиди ҳамин барнома, яъне «Барномаи паст кардани талабот ба маводди мухаддир дар Тоҷикистон» омода шавад ва якчанд роликҳои телевизионӣ ва радиоӣ низ тартиб дода шавад.


Ҳайати ҳакамони озмун 30 маводи пешниҳодшудаи хабарнигоронро мавриди баррасӣ қарор ва ба муаллифи даҳ маводи беҳтарин ҷоиза дод. Миёни расонаҳои гурӯҳии ғолиб шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, телевизионҳои «Сафина», «Суғд» ва «Ҷаҳоноро», инчунин радиоҳои «Тироз» ва «Азия-Плюс» ном бурда мешаванд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG