Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз густариши СПИД дар Осиё


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор дод, ки агар раҳбарони кишварҳои осиёӣ талошҳои худ барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории норасоии масунияти баданро бештар накунанд, вазъи тавсиаи ин беморӣ боз ҳам бадтар хоҳад шуд.


Тибқи омор дар саросари кишварҳои осиёӣ то соли 2006 беш аз ҳаштуним миллион нафар гирифторони бемории ВИЧ СПИД ба сар мебаранд. Истифодаи тазриқии маводи мухаддир ва равобити ҷинсии бенизомро сабаби доман задани ин бемории кушанда дар саросари ҷаҳон медонанд.


Барномаи рушди СММ мегӯяд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи аввали эпидемияи ин беморӣ қарор дорад, вале ин беморӣ бо суръат доман паҳн мекунад, ки мояи нигаронии амиқ аст. Танҳо дар даҳ моҳи соли равон, дар ин кишвар 121 мавриди нави гирифторӣ ба бемории ВИЧ СПИД сабт шудааст, ки моҳе тақрибан 12 нафар будааст.


Ин созмон мегӯяд, ҳанӯз ҳам Тоҷикистон фурсат дорад, ба ин масъала расидагӣ кунад, вагарна ба оқибатҳои фалокатбори он ба вазъи зиндагии мардум, хадамоти беҳдоштӣ ва нерӯи корӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG