Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинаҷот ба амрикоиҳо нома навиштааст


Раиси ҷумҳури Ирон бо ирсоли номаи кушода ба унвони мардуми Амрико аз онҳо даъват кардааст, ки сиёсати ҳукумати кишварашон дар Ироқро тағйир диҳанд. Дар номае, ки "Амрикоиҳои шариф" унвон дорад, Аҳмадинажод аз Амрико хостааст, ки нерӯҳояшро аз Ироқ ихроҷ кунад ва буҷаи артиши худро дар Ироқ сарфи эҳтиёҷоти дохилии Амрико намояд. Маҳмуди Аҳмадинажод дастгоҳи раёсати ҷумҳури Амрикоро ба он муттаҳам кардааст, ки бо таҳдид, нерӯ ва ноадолатӣ ҳукмронӣ мекунад.


Том Кейсӣ сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико ин номаро як ҳиллаи Ирон барои таъсир ба афкори умум хонд.


Моҳи майи соли гузашта Маҳмуди Аҳмадинажод бо ирсоли ғайримунтазираи номаи 18 саҳифагӣ ба унвони раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш фиристод, ки дар он мисли номаи тозааш ба барномаи баҳсбарангези ҳастаии Ирон ҳеҷ ишора нашудааст.
XS
SM
MD
LG