Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба паноҳандаҳои афғони муқими Тоҷикистон ёрӣ медиҳад


Кумиссариёи олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, қасд дорад, соли 2007 сарнавишти беш аз ҳазор паноҳандаи афғон дар Тоҷикистонро ҳал кунад.


Дар барномаи фаъолияти Кумиссариёи паноҳандагон гуфта мешавад, ин созмон ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон ба талошҳои худ ҷиҳати иқомати дарозмуддати паноҳандагони афғон дар ин кишвар кор мекунанд. Дигар аз барномаҳои Кумиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милал дар Тоҷикистон кӯмак ба занҳои серфарзанд ва танҳои тоҷик ва боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз бемории норасоии масъунияти бадан ва коҳиши хушунати хонаводагӣ будааст. Ин идора талош дорад, барои иҷрои барномаҳои беш аз якуним миллион доллар ба даст биёрад.


Дар робита ба муҳоҷирони тоҷик, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон фирор кардаанд, Кумиссариёи паноҳандагони мегӯяд, ки то охири имсол тамоми муҳоҷирини тоҷики Қирғизистон шаҳрвандии ин кишварро ба даст меоранд ва ҳамин гуна барномаи идора барои бозгардонидани муҳоҷири тоҷик тақрибан поён меёбад.
XS
SM
MD
LG