Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мушкилоти муҳоҷирон дар Бишкек


мф

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки дар Бишкек мавриди баҳси вакилони порлумонҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва кормандони ниҳодҳои муҳоҷирати ин кишварҳо қарор гирифт, танзими масоили қонунгузорӣ пиромуни муҳоҷирати ғайриқонунии корӣ буд.


Ба гуфтаи Андрей Жуков-депутати Думаи давлатии Русия таъмини рушди муназзами иқтисод, ки дар кишвараш солона дар ҳудуди 6 дарсадро ташкил мекунад, пеш аз ҳама ба захираҳои корӣ бастагӣ дорад. Оқои Жуков гуфт, мавҷи муҳоҷирон ба Русия меафзояд ва теъдоди онҳо солона беш аз 10 миллион нафарро ташкил менамояд. Вай гуфт, аз ин лиҳоз Русия ба муҳоҷирони корие ниёз дорад, ки соҳиби тахассус ҳастанд. Ба гуфтаи депутати Думаи давлатии Русия, барои худ шуғли муносибе пайдо кардани муҳоҷирони корӣ худ аз худ мушкилоти зиёди дохилиро барҳам мезанад. Ба гуфтаи оқои Жуков, агар вакилони порлумонҳо қонунҳое мураттаб созанд, ки масъалаи муҳоҷирати кориро ба назми муайян дарорад, он гоҳ аз мушкилоти зиёд касе ҳарф нахоҳад зад.


Қувоничбек Исобеков-ноиби раиси порлумони Қирғизистон гуфт, кишвари ӯ шаҳрвандони зиёдро бо шуғл ва маоши мавриди ниёзи онҳо таъмин карда наметавонад. Вай гуфт, вале танзими қонунгузориҳо пиромуни муҳоҷирати корӣ боиси он хоҳад шуд, ки ин муҳоҷирони корӣ дар Русия ва Қазоқистон таҳти ҳимоят гирифта шаванд. Ҷаноби Исобеков гуфт, ки ҳарчанд дар миёни муҳоҷирони кории қирғиз афроди соҳиби маълумоти олӣ низ кам нестанд, вале қисмати аъзами онҳо дар Русия ба ҷангалбурӣ, фаррошӣ машғуланд ва ё дар сохтмони манзил ё роҳи оҳан кор мекунанд.


Зӯҳрохон Давлаталиева-депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон гуфт, дар робита ба муҳоҷирати корӣ асноди зиёд таҳия ва ба тасвиб расидааст, вале мушкилоти муҳоҷирони корӣ аз он ҳаргиз коҳиш надидааст. Ӯ гуфт, муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иқтисоди ин кишварҳо саҳми муносиб доранд. Бону Давлаталиева гуфт, вале маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар мавриди убуру мурури марз, ки барои муҳоҷирони кории тоҷик мушкилоти зиёдеро эҷод кардааст, бояд рафъ шавад. Ба андешаи вакили порламони Тоҷикистон, ҳамчунин маҳдудиятҳо зимни издивоҷ бо сокинони маҳаллӣ ва ё гирифтани гувоҳномаи таваллуд, ба дунболи он маҳрум будани муҳоҷирони корӣ аз имтиёзҳои иҷтимоӣ аз масъалаҳое маҳсуб мешаванд, ки Шӯрои машваратии коршиносон дар умури муҳоҷирати корӣ бояд мутаваҷҷеҳи он бошад.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG