Пайвандҳои дастрасӣ

Oғози ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон


Қарор аст дар пайи ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз 30-юми ноябр аввалин тағйироти кадрӣ дар сатҳи ҳукумати ин кишвар эълом шавад.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон субҳи панҷшанбеи 30-юми ноябр бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти президенти Тоҷикистон интизор меравад дар пайи ин нишаст бархе тағйироти кадрӣ дар сатҳи ҳукумати кишвар сурат бигирад.

Аз ҷумла гуфта мешавад интизор меравад дар ҷаласаи имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон номи нахуст вазири ҷадиди кишвар муайян гардад.

Ҳамчунин қарор аст дар ҷаласаи имрӯза аз анҷоми тағйироти идорӣ, аз ҷумла ба ҳам овардани бархе аз ниҳодҳо ва вазоратхонаҳои ҳукумат хабар дода шавад.

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад,ки дар пайи маросими адои савганди президенти ин кишвар аз як ҳафта қабл аъзои кобинаи ҳукумати Тоҷикистон ба истеъфо рафтааст.
XS
SM
MD
LG