Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти НАТО дар Рига поён ёфт


Раҳбарони 26 кишвари узви паймони низомии НАТО дар поёни нишасти ин созмон дар Рига изҳор доштанд, ки ин паймон ба тааҳҳудоташ дар Афғонистон пойбанд хоҳад монд. Дабири кулли НАТО Яап де Ҳуп Схеффер пешрафти ба гуфтаи вай "воқеъӣ" дар масъалаи Афғонистонро як дастоварди муҳими нишаст дар пойтахти Латвия номид. Оқои Схеффер гуфт, бо гузашти 5 сол аз суқути давлати Толибон Афғонистон акнун ба ҷомиаи демократие табдил ёфтааст, ки дигар ба ҷаҳон таҳдид намекунад. Вай афзуд, онҳо мутмаинанд, ки шикаст додани ошӯбҳо дар Афғонистон корест, ки фурсат металабад: "Хулосаи дирӯза ин буд, ки дар Афғонистон мешавад пирӯз шуд ва бояд ҳам ки пирӯз шуд. Вале ин пирӯзӣ ҳанӯз ба даст наомада, чунки мо дар Афғонистон ҳанӯз, албатта, ба чолишҳои зиёде рӯбарӯ ҳастем."

Вазъи Афғонистон ва худдории бархе кишварҳои узви НАТО аз ирсоли нирӯ ба манотиқи ошӯбзадаи он кишвар як мавзӯъи аслии баҳсҳо дар нишасти Рига буд. Олмон, Итолиё, Фаронса ва Испания розӣ шудаанд, мушорикати нирӯҳои худ дар амалиёти низомӣ дар Афғонистонро аз ин ба баъд маҳдуд накунанд. НАТО феълан фармондеҳии беш аз 30 000 сарбози Айсаф, нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро бар дӯш дорад, ва Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, аз ин ба баъд паймон ҳаққ пайдо хоҳад кард тақрибан 20 000 сарбоз аз ин ҳайъатро билофосила, бидуни ахзи ризоияти кишварҳои онон ба амалиёти низомӣ дар Афғонистон ҷалб кунад.

Паймони НАТО дар Рига ҳамчунин эълом кард, ки нирӯҳои 25000-нафарии вокуниши сареъи ин созмон бо гузашти 4 сол аз замони таъсисаш барои фаъолияти комил омода шудаанд. Ин паймон ҳамчунин гуфта, ки соли 2008 се кишвари Балкан - Хорватия, Албания ва Мақдунияро ба узвият даъват хоҳад кард. Аммо алакай дар Рига аз се кишвари дигари Балкан Сербия, Черногория ва Бусниву Ҳерзеговин даъват шуда, ки ба барномаи ҳамкорӣ ба хотири сулҳи ин паймон бипайванданд. Дар пойтахти Латвия барои Украинаву Гурҷистон ваъдаи мушаххасе дода нашуд, ба ҷуз аз таъкид ба зарурати гуфтугӯи густардаи ин ду кишвар бо НАТО. Ва аммо Яап де Ҳуп Схеффер дар поёни нишасти Рига густариши ҳамкориҳои мавҷуда бо кишварҳои Осиёи Марказиро аз ҳадафҳои низ меҳварии паймони Атлантики Шимолӣ ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG