Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзияҳои тағйироти кадрӣ ва сохтории ҳукумати Тоҷикистон: Кӣ меояд ва кӣ меравад?


Аз ҷумла Шодӣ Шабдолов-раиси Ҳизби коммунист ва намояндаи ин созмон дар порлумони кишвар мӯътақид аст, ки ҳамзамон бо ба эътидол омадани авзои сиёсии кишвар барои президенти тозамунтахаб, фурсате пеш омадааст,ки сиёсати ислоҳоти идорӣ ва кадрии худро ба таври куллӣ бознигарӣ кунад.


Ин нуктаро Ҳикматулло Сайфуллозода- масъули бахши таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ таъйид мекунад, ки сохтори идории Тоҷикистон аз даврони шӯравии пешин ба мерос монда ва дархури шароити имрӯзии ҷомиъа нест.

Оқои Сайфуллозода мегӯяд теъдоди ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон бо шумори аҳолӣ мутобиқат намекунад ва ҳоло айни вақт аст бархе аз ин вазорат ва кумитаҳо ихтисор ва муттаҳид шаванд, то аз ин ҳисоб маблағ дар буҷаи кишвар сарфа шавад.

Ба эътиқоди Нуриддин Қаршибоев- раиси Иттиҳоди миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ихтисор ва ё ба як ниҳод ба ҳам овардани бархе аз идороти давлатӣ агар аз як сӯ манфиати молӣ дошта бошад аз сӯи дигар ҷанбаи сиёсӣ низ дорад. Оқои Қаршибоев гуфт дар аксари кишварҳои пешрафтаи олам бо ин теъдоди бузург идороти давлатӣ фаъолият намекунад он чунон,ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол Давлаталӣ Давлатов- муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон таъйид кард, ки дар барномаи кори раиси ҷумҳурӣ ислоҳоти васеъи сохтори идорӣ дар назар дошта шудааст.Ва қарор аст ин ислоҳот дар рӯзҳои наздик бар марҳалаи иҷро гузошта шуда аз тариқи васоити ахбори умум низ эълом карда шавад.

Бо ин вуҷуд, ки манобеъи наздик ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ иттиллоъи ислоҳоти густардаи сохтори идорӣ ва кадрии президент дар рӯзҳои наздикро таъйид мекунанд, аммо аз ироаи ҷузъиёти он худдорӣ карданд. Аммо тибқи гуфтаи коршиносон дар назар аст, ки аз ҷумла вазорати молия бо вазорати иқтисоду тиҷорат,вазорати саноат бо энержӣ, кумитаи марзбонӣ бо вазорати амният ва кумитаи радио ва телевизион бо вазорати фарҳанг ба ҳам оварда шаванд.

Ҳамчунин тибқи ин тағйиротҳо бархе аз вазорат ва зерсохторҳо, аз ҷумла вазорати умури изтирорӣ, департаменти гумрук ва андози вазорати даромад ва пардохтҳо барҳам хӯрда дар заминаи онҳо раёсатҳои ҳамном дар назди раиси ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

Вале бархе аз таҳлилгарон ҳамоиши кумитаи марзбонӣ бо вазорати амният ва ҳамчунин дар заминаи вазорати фарҳанг ва кумитаи радио ва телевизион таъсис додани вазорати фарҳанг ва иттилоотро амали дуруст ва муносиб намешуморанд. Барои мисол ба эътиқоди Иброҳим Усмонов- ин ду ниҳод салоҳият ва ваколатҳои комилан мутафовит доштаанд.

Ба ин тартиб сарусадоҳо ва баҳсҳо дар мавриди тағйироти қарибулвуқӯи сохтори идорӣ ва кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон то замони нашри фармонҳои раиси ҷумҳурии тозаинтихоб дар ин замина идома хоҳад дошт. Вале ба таъйиди манобеъи наздик ба идороти ҳукуматӣ аз ҳоло бархе аз масъулин худро ба ҳаргуна пешомади ғайримунтазира омода мекунанд ва ҳамзамон нафарони нав низ, ки гуфта мешавад бо бархеи онҳо сӯҳбатҳо низ доир шудааст, дар интизори фармонҳои ҷаноби раиси ҷумҳуранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG