Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз афзоиши шумори гирифторони СПИД дар Қазоқистон


Марям Ҳасанова, раиси Маркази мубориза бар зидди СПИД-и Қазоқистон гуфтааст, дар ин теъдоди гирифторони бемории норасоии масъунияти бадан назар ба соли гузашта дучанд афзоиш ёфтааст ва ҳоло беш аз 7 ҳазорро ташкил медодааст. Вале тавре Александр Зуев, намояндаи бунёди атфоли СММ дар Қазоқистон гуфт, арқоми воқеии гирифторни ин беморӣ шояд 2-3 маротиба бештар бошад.


Хонум Ҳасанова мегӯяд, чун алъон давои ин беморӣ пайдо нашудааст, бояд коре кард, ки мардум аз хатари он огоҳ бошанд ва донанд, ки пешгириӣ аз гирифторӣ дар дасти худи онҳост. Хонум Ҳасанова гуфт, дурӣ ҷустан аз маводи мухаддир ва алоқаи тасодуфии ҷинсӣ эҳтимоли сироятшавиро ба маротиб коҳиш медиҳад.


Мушкили дигаре, ки масъулини ниҳодҳои мубориза бар зидди СПИД аз он нигарон будаанд, нақзи ҳуқуқи маризони СПИД будааст. Ва аммо сенатор Светлана Жалмагамбетова гуфт, қонун дар бораи бемории СПИД аз бисёр ҷиҳат ҳимояи ҳуқуқии ин беморонро таъмин менамояд. Хонум Жалмагамбетова дар ин робита манъи истирдоди хориҷиёни гирифтори ин бемориро гоми муҳимме номид.


Масъулин таъкид карданд, ки барои мубориза бар зидди афзоиши СПИД ҳукуматҳо бояд фасодро коҳиш бидиҳанд ва сатҳи зиндагии мардумро боло баранд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG