Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зиндон маҳкум шудани раҳбари як ширкати интернетӣ дар Тоҷикистон


Собиқ раҳбари ширкати интернетии КомпуУорлд, Хисрав Ҳусайнов ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шудааст.


Додситонии олии Тоҷикистон гуфтааст, Хисрав Ҳусайнов, собиқ раҳбари КомпуУорлд ва Азиз Шомаҳмадов, раҳбари ширкати «Эделвейс» ба дуздии амволи давлатӣ дар ҳаҷми махсусан калон, тақаллуби аснод ва қочоқи асъори хориҷӣ гунаҳгор дониста шудаанд.


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Хисрав Ҳусайновро ба нӯҳ соли зиндон ва Азиз Шомаҳмадовро ба шаш соли зиндон бо мусодираи моликияти ҳарду ҳукм баровардааст. Бино бар ҳукми додгоҳ, ҳарду муттаҳамон дар оянда аз ҳаққи ишғоли маснадҳои раҳбарӣ маҳрум карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG