Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши Тоҷикистону Эрон дар мавриди раводид


Ирон ва Тоҷикистон ба мувофақа расидаанд, ки ронандаҳои мошинҳои борбари байналмилалии ду кишвар имкони дастрасии раводиди бисёристеъмолаи шашмоҳа бо ҳаққи будубоши 15 рӯза дар қаламрави кишварҳои ҳамдигарро дошта бошанд.


Ин тавофуқ дар мулоқоти дуввуми машваратии ду кишвар ҳосил шудааст. Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, ду кишвари ҳамзабон дар мавриди атои раводиди якмоҳа бо арзиши 30 доллар дар тӯли се рӯз забон ёфтаанд. Ҳамчунин, арзиши раводиди дукаратаи тронзитии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ирон панҷ доллар таъин шудааст.


Бино бар хабар, барои ходимони фарҳанг, уламо ва варзишгарон раводиди ройгон дода хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG