Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум дар Туркия. Назарҳо, тахминҳо, таҳлилҳо


Зайно Борон, таҳлилгари турк: "Аз назари мусалмони оддӣ то ба сиёсатмадори исломӣ ва як ифротгаро пӯзиши Попи Рум роҷеъ ба гуфтаҳояш дар бораи Ислом кофӣ нест. Дигар гурӯҳи миллатгаро дар Туркия аз сафари Попи Рум ба ин кишвар норозианд, чунки Поп Туркияро ҳамеша танқид мекард ва Попи Рум мухолифи он аст, ки Туркия шомили Иттиҳодияи Аврупо шавад."

Ҳатто нахуствазири Туркия Раҷаб Тайир Эрдуғон, ки гуфта буд, бо Попи Рум мулоқот намекунад, таҳти фишор аз ин раъйи худ гашт ва бо раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳангоми вурудаш дар фурӯдгоҳ 15 дақиқа дидор ва мулоқот кард. Ин ҷо як суол матраҳ мешавад, ки чаро чунин меҳмони нохостанӣ ба Туркия меояд?


Попи Рум ва Ислом

Ҷавоби осон ин аст, ки Попи Рум қаблан аз сӯи усқуфи аъзами Константинопол Бартоламейи 1 даъват шуда буд. Қарор аст, Попи Рум дар ҳамин ҳафта бо ӯ дар шаҳри Истамбул дидор кунад. Аммо коршиносон бовар доранд, ки ҳадафи Поп танҳо беҳбуд бахшидани равобити католикҳо ва ортодоксҳо нест, балки як қасди дигари ӯ ташвиқи баҳсҳо дар бораи ислоҳоти Ислом низ ҳаст. Бино ба ин таҳлилҳо суханронии Попи Рум дар Регензбурги Олмон, доир ба ваҳдати мазҳаб ва ақл натанҳо ба ҷомеаи дунявии ғарб, балки ба ҷаҳони Ислом низ нигаронида шуда буд.

Роберт Мойниҳан таърихшинос ва сардабири маҷаллаи "Дар дохили Ватикан" мегӯяд, Попи Рум мехоҳад, нақш дар баҳси пуртаниши байни Ғарб ва ҷаҳони Исломро ба даст биорад.

Роберт Мойниҳан: "Ӯ ҳоло бо силоҳи ошкор ба назди олимони Ислом мебарояд. Онҳо ба ӯ нома менависанд. Онҳо барои дидани ӯ ба Вотикан меомаданд ҳоло онҳо бо ӯ дар Истамбул дидан мекунанд. Дар Аврупо ҳоло нафаре нест ки мисли Попи Рум бо Ислом муколамаи боз кунад. Аммо чаро Попи Рум ин корро кард ва чаро кард, муаммост. Вале натиҷаи он табдили Поп ба як миёнарави асосист."

Аммо суол ин аст, ки ӯ чӣ тавр метавонад ин нақшро иҷро кунад. Попи Рум дар Анқара бо чеҳраҳои баландпояи исломӣ, ба мисли Алӣ Бардакоғлу -- раҳбари олирутбаи умури мазҳабии Туркия дидор кард.


Попи Рум ва Туркия

Кумиссиёни Аврупо авоили ҳамин моҳ аз Туркия, ки номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупост, хост, ба ислоҳоти сиёсии худ суръат бахшад ва ҳамчунин ҳукумати Анқараро барои маҳдуд кардани озодии баён ва ҳимояти номуносиби ҳуқуқи занон танқид кард.

Мавқеи Попи Рум дар робита ба пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо ин будааст, ки ин Иттиҳодия решаҳои масеҳии худро фаромӯш накунад ва пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо метавонад, ҳуввияти насронии Аврупоро заъифтар кунад.
XS
SM
MD
LG