Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: Дӯсти вазирон ва душмани ғарибон?


Намояндаи расмии созмони «Местние (Маҳаллиҳо)» Дмитрий Волчков дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав таъйид кард, ки дар амалиёти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар вилояти Маскав рӯзи якшанбеи 26 ноябр ҳудудан 6 ҳазор фаъолони созмон ширкат карданд ва 73 нафар муҳоҷирон ба далели нақзи қонуни тиҷорат ҷарима шуданд. Ба гуфтаи намояндаи созмони «Местние» дар ҷараёни амалиёт ошкор шуд, ки бахши аъзами онҳое, ки дар бозорҳо ба фурӯши хӯрока ва колои дигар машғуланд, санадҳои зарурии тиббӣ надоранд ва дар вилоят ғайрирқонунӣ зиндагӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки созмони «Местние» худро дар расонаҳои электронӣ ҳамчун ташкилоти экологӣ муаррифӣ кардаанд ва барномаи амали онҳо аслан ҷилавгирӣ аз олудасозии муҳити зист мебошад. Дмитрий Волчков ҳамзамон хабар дод, ки созмони ӯ ду ҳафта пеш ташкил шудааст, вале ба такрор таъкид кард, ки ташкили ин созмон ба дастурҳои ахири Путин дар бораи ҳифзи манофеъи мардуми бумӣ дар бозорҳои Русия иртибот надорад. Ва аммо Дмитрий ба саволе, ки ба чӣ хотир созмони экологии онҳо унвони иҷтимоъӣ ва ё зиддиқавмӣ дорад, хомӯш монд.

Ва аммо муовини раиси созмони ҳуқуқии «Сова» Галина Кожевникова мегӯяд, созмони «Местние» аз муддатҳо пеш бо дастури генерал Горомов, раиси вилояти Маскав ташкил шудааст. Барномаи ин созмон на ҷилавгирӣ аз олудагии муҳит, балки муборизаи барномарезишуда бо бегонаҳост. Ба гуфтаи Галина Кожевникова, намояндагони созмони «Местние» ҳаққи тафтиш ва бозпурсии фурӯшандагон дар бозорҳоро надоранд ва он чӣ рӯзи якшанбеи ахир дар 20 бозори вилояти Маскав анҷом доданд, ғайриқонунӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин тафтиш хабаре дар даст нест. Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Ввазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз амалиёт ва боздошти шаҳрвандони тоҷик хабаре дар даст надоранд.

Гуфта мешавад, тафтиши муҳоҷирон дар бозорҳои Русия ва ҳифзи манофеъи тоҷирони маҳаллӣ дар бозорҳои ин кишвар бо дастури мустақими Путин сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол, гузориш шудааст, яке аз аз масъалаҳои мавриди баррасӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои Муштаракулманофеъ рӯзи 28 ноябр дар Минск, мавзӯъи муҳоҷират дар густураи кишварҳои Муштаракулманофеъ буд.
XS
SM
MD
LG