Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони кишварҳои Муштаракулманофеъ дар Минск


Имрӯз дар шаҳри Минск: пойтахти Белорус, мулоқоти раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ доир шуд.


Расман, масъалаи мавриди баҳси нишасти имрӯзаи раҳбарони кишварҳо "афзоиши таъсир ва беҳбуди кори Иттиҳод" унвон гирифтааст. Дар Минск раҳбарони кишварҳо ба таҳкими равобити дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ рӯй хоҳанд овард.


Моҳи оянда 15 солагии таъсиси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ҷашн гирифта мешавад, вале аксарият бар ин ақидаанд, ки Иттиҳод нуфузи зиёд надорад. Дар мулоқоти Минск президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ҳузур дорад.
XS
SM
MD
LG