Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум вориди Туркия шуд


bf

Попи Рум Туркияро пуле дар миёни динҳо номида, ба ҳамдигарфаҳмии миёни фарҳангҳо даъват кардааст. Попи Рум Бенедикти 16 бо сафари чоррӯза вориди шаҳри Анкараи Туркия шуд. Ин аввалин зиёрати пешвои калисои католик аз кишвари мусулмоннишин мебошад. Вале иқтибосе, ки чанд моҳ пеш Попи Ром дар мавриди Ислом ва хушунат карда буд ва ҳамчунин мухолифати Бенедикти 16 ба узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо боиси раҳпаймоиҳои эътирозии даҳҳо ҳазор сокини Туркия шуд.


Аснои пешвози Попи Ром дар Анкара сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт:
"Қабл аз ҳама мехоҳам изҳори миннатдорӣ намоям, ки Шумо ва ҳайъати зери раҳбарии Шумо ба кишвари мо қадам ранҷа намудед. Сафари Шумо дар вақти хеле ҳам ҳассос ба вуқӯъ мепайвандад ва аз ин рӯ, ман онро сермаъно арзёбӣ мекунам."


Баъди мулоқот бо сарвазир Эрдуғон Бенедикти 16 иброз дошт, ки боздиди ӯ аз Туркия имкони оштӣ ва муколамаи миёни насриноҳову мусулмононро фароҳам меорад. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки аз вуруди Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG