Пайвандҳои дастрасӣ

Ба таъвиқ афтодани садбандии рӯдхонаи Вахш


Замони баста шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар ҷануби Тоҷикистон, ба таъвиқ андохта шудааст.Қаблан мақомоти зидахли кишвар замони баста шудани маҷрои рӯдхонаи Вахшро ба рӯзи 30 ноябр таъйин карда буданд.


Шарифхон Самиев -раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт ба далели пеш омадани мушкилоти фаннӣ ва нотамом боқӣ мондани корҳои сохтмонӣ дар маҳалли эҳдоси нерӯгоҳ замони дақиқи садбандии маҷрои рӯдхона номаълум боқӣ мондааст. Вале вай афзуд аз эҳтимол дур нест,ки ин кор то даҳ рӯзи дигар анҷом бигирад.


Аммо бархе аз таҳлилгарони тоҷик аз ҷумла Нуралии Давлат мӯътақидаст,ки яке аз далоили ба таъвиқ андохтани замони садбандӣ дар нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" ба мусофирати хориҷии Эмомалӣ Раҳмонов -раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот доштааст.Зеро меафзояд ӯ ин як пайти муносиб барои таблиғотии густардаи раиси ҷумҳурии тозаинтихоб аст,ки масъулин бояд аз он хуб истифода кунанд.


Аммо ин дар ҳолест,ки масъулини барқу энержии Тоҷикистон эълом карда буданд рӯзҳои 28, 29 ва 30-юми ноябр ба маҳзи оғози корҳои садбандӣ дар нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда -1" интиқоли барқ дар куллия манотиқи кишвар ба таври бесобиқа коҳиш меёбад, вале аз соати 22.00-и шаби 29 ноябр то соати 22.00-и 30 ноябр интиқоли барқ дар саросари Тоҷикистон комилан қатъ хоҳад шуд.


Аммо бо ин вуҷуд,ки корҳои садбандӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда -1 дар рӯдхонаи Вахш ба таъвиқ андохта шудаааст аз ҳоло дар қисмати аъзами манотиқи Тоҷикистон интиқоли нерӯ шадидан коҳиш ёфтааст ва дар ду рӯзи ахир барои сокинони Душанбе - пойтахт низ барқ аз рӯи реҷа дода мешавад.Ин ҳам дар ҳолест,ки реҷабандии интиқоли нерӯи барқ барои сокинони пойтахтро мақомот борҳо рад кардаанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG