Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари варзишгарони тоҷик ба Қатар


Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар понздаҳумин давраи ин бозиҳо, ки аз 1 то 15 декабри соли равон дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор мешаванд, беш аз 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 14 намуд ҳунарнамоӣ мекунанд. Вай афзуд: «Гурӯҳи аввали варзишгарони тоҷик дар риштаҳои волейбол, таэквон-до, тенниси рӯи миз, бокс, гуштии дзюдо, теннис, тирандозӣ, каратэ-до ва софт-теннис рақобат хоҳанд кард. Гурӯҳи дигари варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо дар риштаҳои варзиши сабук, гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ, гуштии озод, камонварӣ ва қаиқронӣ рӯзи 5 декабр ба Қатар сафар мекунад. Варзишгарони тоҷик барои чаҳорумин бор аст, ки дар Бозиҳои Осиёӣ ширкат меварзанд. Мо мақсад дорем, ки дар ин бозиҳо нисбат ба бозиҳои шаҳри Бусани Куриёи Ҷанубӣ натоиҷи хубтар ба даст орем. Ёдовар мешавам, ки дар Бозиҳои Х1У Тоҷикистон соҳиби 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардида буд.»

Ба гуфтаи масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон нахуст ба рақобатҳо аз рӯи барномаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар дастаҳои мунтахаби футболи 24 кишвари қора, ки ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд, шурӯъ карданд. Вале дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти пешакӣ дар гурӯҳи худ мақоми севвумро касб кард, аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои Осиёӣ маҳрум гаштааст.

Ва хабари дигар. Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба баскетбол байни дастаҳои занона бо пирӯзии тими Душанбе - 2 хотима ёфт.

Дар мусобиқоти имсола панҷ даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ дар толори бозиҳои дастии пойтахти ин кишвар тӯли панҷ рӯз рақобат карданд.
Тими ғолиб - Душанбе-2, ки дар чаҳор бозӣ 8 имтиёз ба даст овард, бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи мунтахаби вилояти Суғд бо 7 имтиёз соҳиби медалҳои нуқра гардид. Тими Душанбе - 1 бо 6 имтиёз мақоми севвумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG