Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қасди Зоийров барои муроҷиат ба Додгоҳи таҷдиди назар


Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон матни аризаи даъвогияшро ба унвони додгоҳи таҷдиди назар омода кардааст ва қасд дорад онро фардо, 29 ноябр ба мақомоти ин додгоҳ таҳвил диҳад. Ҷаноби Зойиров бо ирсоли як номаи эътирозӣ унвонии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар таърихи 20-уми ноябр хостори лағви натоиҷи интихоботи ахири президентии ин кишвар шуда буд.

Аммо Додгоҳи олӣ эълом дошт,ки салоҳияти расидагӣ ба номаи шикоятии Раҳматулло Зойировро надорад. Сайфиддин Пиров, муовини раиси Додгоҳи олӣ таъкид кард, ки тибқи банди 34-и қонуни интихоботи раиси ҷумҳур, натоиҷи интихоботро танҳо Кумиссиюни марказии интихоботӣ метавонад лағв намояд.

Вале Раҳматилло Зойиров мегӯяд, бар асоси банди 1-уми Қонуни интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки гуфтааст номзад бояд ҳуқуқи интихоб шудан дошта бошад, ширкати Эмомалӣ Раҳмонов раиси феълии ин кишвар дар интихоботи имсола номумкин буд:

«Яъне аз ин қонун маълум мегардад, ки агар шахс ҳуқуқи интихоб шуданро надошта бошад, номзадии вай ба президентӣ пешниҳод шуда наметавонад. Дар қисми сеюми моддаи якуми Қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» навишта шудааст, ки агар талаботи ин моддаи қонуни консититутсионӣ вайрон гардад, натиҷаҳои интихобот ғайривоқеӣ ё ғайриамалӣ дониста мешавад».

Дар ҳамин ҳол Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари ситоди Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон бо ишора ба ин,ки мӯҳлати даъво аз рӯйи натоиҷи интихоботи раиси ҷумҳур гузаштааст, гуфт агар аз номи ҷаноби Зойиров ба Кумиссиюни интихоботӣ шикоят ворид гардад он мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт:

«Баъди гузаштани инаугуратсия, ё қасамёдкунии президенти интихобшуда ин гуна шикоятҳо умуман набояд бошанд. Лекин ин қонуншиносони мо ба мисли Раҳматилло Зойиров, инҳо муроҷиат карданд, мо омода ҳастем, он чизе ҳаст дар доираи қонун баррасӣ кунем, то ба ҳамин масъала нуқтаи ниҳоӣ монда шавад».

Раҳматилло Зойиров ба мисли бархе аз дигар коршиносон мутмаин нест,ки номаҳои эътирозиаш аз сӯйи додгоҳҳои Тоҷикистон қонеъ гардонида мешаванд,аммо ба гуфтаи худи ӯ, барои муроҷиат ба додгоҳҳои байналмилалӣ нахуст ин шикоят бояд ба мақомоти дохили кишвар бирасад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG