Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи ҳамоиши сеюми СҒД дар Душанбе


Саввумин Ҳамоиши созмонҳои фаъоли ғайриҳукуматии Тоҷикистон,ки раҳбарии онҳо ба ӯҳдаи занон аст,субҳи рӯзи сешанбе, 28 ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.


Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи умури занони Тоҷикистон ва пуштибонии молии Маркази созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ин кишвар ташкил ва баргузор мегардад.


Дафтари Маркази созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон зимни интишори баёнияи матбуъотӣ ҳадафи баргузории нишасти мазкурро мусоидат ба ширкати фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва иҷрои асноди қонунгузорӣ арзёбӣ кардааст.


Дар кори ҳамоиш гуфта мешавад намояндагони ниҳодҳои мухталифи ғайриҳукуматӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.


Дар ҷараёни ҳамоиш гузориши алтернативии Ҳукумати Тоҷикистон доир ба иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии ин кишвар дар заминаи рафъи хушунат алайҳи занон ироа мегардад.
XS
SM
MD
LG