Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИДМ: Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо


Утоқи хабарии Радиои Озодӣ Рӯзи душанбе дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) доир шуд. Рӯзи сешанбе дар ин шаҳр сарони ин 12 кишвари шӯравии собиқ гирди ҳам хоҳанд омад. Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи душанбе роҳии Минск шуда ва ҳамтои қирғизаш Қурмонбек Боқиев алакай ба пойтахти Беларус расидааст. Нишасти рӯзи 28 ноябр дар остонаи таҷлил аз солгарди 15-уми таъсиси ИДМ сурат мегирад. Вале бо вуҷуди гузашти қариб 15 сол нақши ин созмон дар саҳнаи шӯравии собиқ ҳамчунон камранҷ боқӣ монда, раҳбарони кишварҳо назар ба ин ИДМ ҳамоно ба истиқрори равобити дуҷониба ва тақвияи кори созмонҳои минтақавӣ бартарӣ медиҳанд.

Расман дар дастури кори нишасти рӯзи 28 ноябр мавзӯъи асосӣ муассирият ва беҳбуди кори Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аст. Ба ибораи дигар, нишасти Минск бояд талоши наве ба хотири ба як ифоқа овардан ва ба як роҳи дуруст андохтани 12 кишвари узви ин созмон шавад. Ба гуфтаи нозирон, тайи солҳои охир Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ бештар ба як мағозаи гапфурӯшӣ табдил ёфта ва ҳарчӣ бештар зери сояи созмонҳои минтақавие ба мисли ГУАМ ва созмони ҳамкориҳои Шанхай мемонад. Ахиран Гурҷистону Украина ва Молдова пайи ҳам ҳатто ихтор доданд, ки шояд аз суфуфи ин Иттиҳод хориҷ шаванд.

Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ моҳи декабри соли 1991 бо ибтикори Маскав ва ба хотири таъмини шароити таҷзияи осоиштаи кишварҳои шӯравии собиқ таъсис ёфта буд ва акнун Русия талош дорад аз имконоти ин созмон ба сифати як фишанг ва як василаи дигари ҳифз ва ҳатто густариши нуфузаш бар кишварҳои узв истифода кунад. Аз ин рӯ, Русия талош мекунад, ҳар навъ ихтилофотро дар чаҳорчӯби ин созмон рафъ кунад ва ё камранг нишон диҳад. Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов дар ҳафтаи пеш дар поёни нишасти вузарои дифоъи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ бо як эҳсоси хеле хушбинона дар бораи ояндаи ин созмон сӯҳбат мекард: "Ба ақидаи ман, сарусадоҳо дар бораи даргузашти Шӯрои вузарои дифоъ пеш аз вақтанд. Ин Шӯро бештар ба як ниҳоди зинда мемонад, назар ба мурда. Акнун дар нишастҳои ин Шӯро масоиле баррасӣ мешаванд, ки тайи 15 соли мавҷудияти он аслан баррасӣ намешуд. Яъне худи гузашти айём мавзӯъҳои наверо ҳамкориро ба мо медиҳад."

Ва аммо бо ин вуҷуд бархе кишварҳои дигар ба зарурати як ислоҳоти ҷиддӣ дар кори ин созмон исрор меварзанд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, масалан, мехоҳад дар Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ба кишварҳои тавлидкунандаи энержӣ нақши бештар эъто шавад.

Ва аммо суол инҷост, ки оё кишварҳои дигар ба ин чигуна нигоҳ мекунанд. Суол инҷост, ки оё президенти рӯ ба Ғарби Гурҷистон Михаил Саакашвили роҳии Минск хоҳад шуд ва муҳимтар аз ин, оё ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин билохира мулоқот хоҳад кард? Таври маълум, дар пайи боздошти 4 шаҳрванди Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ дар қаламрави Гурҷистон равобити байни ин ду кишвар дучори шадидтарин таниш шуд ва Маскав алайҳи Тифлич таҳримоти иқтисодӣ ҷорӣ кардаву ҳазорон муҳоҷири гурҷиро аз қаламрави Русия ихроҷ кард.

Аммо сарвазири Русия Михаил Фрадков, ки рӯзи ҷумъа дар поёни нишасти сарвазирони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Минск сӯҳбат мекард, таҳти фишор қарор додани ҳар кадом аз аъзои ин созмонро амале бесамар номид ва гуфт: "Мо қасд надорем дар чаҳорчӯби Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ бо касе алайҳи каси дигар риштаи дӯстӣ бандем. Мо мехоҳем манобеъи умумӣ ва қобилияти ҳар кадом кишвари узв ва ба таври куллӣ тамоми созмонро биафзоем."

Ҳамин тавр рӯшан нест, ки оё дигар раҳбари рӯ ба Ғарб, президенти Украина Виктор Юшенко низ ба Минск хоҳад омад? Дар ҳафтаи гузашта Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, ки кишвараш имсол раёсати давраии Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъро бар ӯҳда дорад, гуфт, ки Юшенко даъвати расмӣ ба нишасти Минскро радд кардааст. Худи ҷониби Украина аммо чизе расман дар ин бора, ки Юшенко ба Минск меравад ё на, нагуфтааст. Лукашенко, ки ҳафтае пеш таъсиси як иттиҳоди муштараки байнидавлатӣ бо Украинаро пешниҳод кард, умедвор аст, ки Юшенко дар ниҳоят азми сафар хоҳад кард. Раҳбари Беларус аз сӯи дигар нигарони иқдомоти Маскав ҳам ҳаст, ки мехоҳад аз соли оянда қимати ҳазор метирм укааби газаш барои Беларусро аз 47 доллари кунунӣ беш аз 5 маротиба, яъне то 200 доллар боло барад. Лукашенко гуфт, Минску Киев бо мавзеъгирии муштарак дар масоили нафту газ метавонанд аз ҷумла дар мавриди таъйини таърифаҳои воҳиди транзити маводи сӯхти Русия ҳамкорӣ кунанд. Оқои Лукашенко эҳтимоли таъсиси иттиҳод байни Украинаву Беларусро назар ба айни пешниҳод, ки солҳост байни Беларусу Русия матраҳ аст, вале ҳеҷ ҷомаи амал ба бар намекунад, воқеъитар номидааст.

Дар ҳошияи нишасти Минск гуфтугӯи навбатии байни руъасои ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Арманистон бар сари минтақаи баҳсии Қаробоғ низ дар назар гирифта шудааст. Ин севвумин дидори Илҳом Алиев ва Роберт Кочариён танҳо дар соли ҷорӣ хоҳад буд. Ва аммо баъид ба назар мерасад, ки дар ин гуфтугӯ ва ҳамин тавр дар соъир дидор ва мулоқотҳои Минск натиҷаи назаррасе ба даст биояд. Ин аст, ки рӯзи сешанбе дидаи ҷаҳон бештар на ба сӯи Минск, балки ба сӯи Рига, маҳалли гирдиҳамоии сарони кишварҳои узви паймони низомии НАТО дӯхта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG