Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум ба Туркия меравад. Аммо оё бармегардад?


Ҳангоми сафар ба Туркия нахустин чолише, ки шояд Попи Рум ба он рӯ ба рӯ шавад, амнияти шахсии худи Поп аст, ки дар моҳи сентябри гузашта пас аз баёнияи баҳсбарангезаш доир ба Ислом таҳдидҳои тарснок гирифт.

Алӣ Оқча, ки дар соли 1979 ба ҷони Попи Рум, Иоанн Павели дуввум сӯиқасди ноком карда буд, аз Бенедикти 16 тақозо кардааст, ки ба Туркия сафар накунад, зеро ба гуфтаи ӯ Попи Рум дар ин ҷо беосеб нахоҳад буд. Аммо Зайно Борон, таҳлилгари Туркия мегӯяд, хадамоти амниятии Туркия дар рӯзҳои сафари Попи Рум тамоми нерӯро барои ҳифзи амнияти ӯ харҷ хоҳанд кард.

"Шояд дар он ҷо тавтиаҳо шавад ва нафароне ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд ҳамла кунанд ва коре ҳам бикунанд. Аммо суол дар он аст, ки онҳо муваффақ хоҳанд шуд? Ман Алӣ Оқчаро дар назар дорам, ки як бор талош кард ва натавонист. Ин мояи нигаронӣ аст. Мақомот ҳамаи чизро барои амният дар назар гирифтааст, аммо хатар ҳамеша вуҷуд дорад"

Пеш аз сафар даҳҳо ҳазор тазоҳургар дар шаҳри Истамбул мухолифати худро ба сафари ӯ баён доштанд ва дар ҷараёни сафари Попи 80 - сола дар Туркия тазоҳуротро идома хоҳанд дод. Ин намоишҳои эътирозиро Ҳизби Саодати Исломии Туркия баргузор кард ва раҳбарони ин ҳизб гуфтанд, аз баёнияи Попи Рум, ки Исломро бо хушунат пайванд дод, ранҷидаанд. Дувоздаҳуми сентябр Попи Рум дар шаҳри Регензбурги Олмон императори Византиро нақли қавл карда буд, ки гӯё Ислом барои башарият танҳо душманӣ овардааст. Аммо Попи Рум на танҳо барои рӯҳониён, балки нерӯҳои дунявии Туркия низ баҳсбарангез будааст, зеро соли 2003 Бенедикти 16 мухолифати худро ба пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо эълом карда буд.

Яке аз дидорҳои муҳими Попи Рум дар Туркия мулоқот бо рӯҳонии олирутбаи Туркия Алӣ Бардакоғлу хоҳад буд.
Сафари Попи Румро шабакаи телевизионии ал-Ҷазира мустақиман дар тамоми ҷаҳони исломӣ нишон хоҳад дод. Ҷон Ален, коршинос ва нависанда мегӯяд, мусалмонон ба дидори Попи Рум бо Бардакоғлу аҳамияти хосе хоҳанд дод. Вай гуфт:

"Нафарони баландпояи Ватикан мефаҳманд ки ин охарин шонс ҳаст, то Бенедикт дар чашми ҷаҳони Ислом обрӯ гирад"

Попи Рум ҳангоми сафараш нахуст аз мақбараи Мустафо Камол Отатурк дидан мекунад. Ва баъдан бо раиси ҷумҳури Туркия Маҳмуд Сезар дидор хоҳад кард. Ва қарор аст, ӯ бо нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG