Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми барномаи омӯзишии МАГАТЕ дар Суғд


МИ

Оҷонси байналмилалии назорат бар нирӯи ҳастаӣ (МАГАТЕ) дар шаҳри Чкалов, 10 - километрии Хуҷанд барои намояндаҳои панҷ кишвари собиқи Шӯравӣ (Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон ва Тоҷикистон), ки дорои корхонаҳои тавлиди уран, реакторҳои атомии таълимӣ ва маъдани уран мебошанд, дар мавзӯъи санадгузории дақиқ дар чунин корхонаҳо як барномаи омӯзишии як ҳафтаӣ анҷом дод. Намояндаҳои корхонаи «Востокредмет», яъне, «Фулузоти нодири Шарқ» дар шаҳри Чкалов аз ширкаткунандаҳои ин барномаи омӯзишии МАГАТЕ буданд. Музаффар Юнусов, муовини сарвари ин корхона дар ин маврид гуфт, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар пиёда кардани ду барномаи МАГАТЕ дар заминаи назорат ба корхонаҳои тавлиди уран ва партовгоҳҳои радиатсионии Тоҷикистон фаъолияти ҳамҷоя ба роҳ мондааст.


Ҷаноби Юнусов гуфт, фаъолияти силсилакорхонаи «Востокредмет» дар шаҳри Чкалови Тоҷикистон дар заминаи истеҳсоли уран аслан тайи се - чаҳор соли ахир қатъ шудааст. Вале ин корхона бо он ки даҳ партовгоҳи радиатсионии бузург ба мерос дорад ва дар онҳо наздики 55 миллион тонна пасмондаи моддаҳои радиоактивӣ, дар баъзе маврид ногӯронида, зери осмони боз хобидааст, мавриди таваҷҷӯҳи вижаи МАГАТЕ қарор дорад. Музаффар Юнусов, муовини сарвари ин корхона мегӯяд, партовгоҳҳои радиатсионии Суғд дар ҳолати безарар нагардонидан ба вазъи экологии минтақа хатар эҷод хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, дар ҳолати заминҷунбии шадид ва ё борону селҳои сахт эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки сарбанди партовгоҳҳо канда шуда, моддаҳои радиатсионӣ фазову хоки минтақаро олуда гардонад. Дар солҳои ахир селҳои шадид ду маротиба партовгоҳҳои Адрасмон ва Табошарро каме шуста будааст.


Тоҷикистон дар соли 2001 ба Оҷонси байналмилалии назорат бар нирӯи ҳастаӣ (МАГАТЕ) пайвастаааст ва имсол соли дуюм аст, ки дар назди ин Оҷонс доир ба вазъи корхонаҳои собиқи тавлиди уран ва партовгоҳҳои радиатсионии худ ҳисобот медиҳад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Чкалов
XS
SM
MD
LG