Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хати бутлон ба Суғду Хатлон?


Имрӯз, ки бисёрмоликиятӣ вуҷуд дорад, худи ноҳияҳову шаҳрҳо як структураи мустақиланд ва метавонанд, ки ин корҳоро дуруст роҳандозӣ кунанд ва то ҳадде роҳбариро бинанду истифода кунанд. Барои ҳамин зарурияти вилоятҳо бидуни вилояти худмухтори Бадахшон лозим нест. Аз ҳама муҳимаш, зарурияти вилоятҳо ба он хотир нест, ки мо бахши хело ғайридавлатиро дида истодаем ман дар назар дорам порахӯриро.Чунки ин асосан дар вилоятҳо вуҷуд дорад ва хеле решаи амиқ давонидааст. Бубинед, районҳои тобеъи марказ: Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, ноҳияи Ваҳдат, ба номи Рӯдакӣ ва навоҳии тобеъи водии Рашт, ки тақрибан ҳамеша нақшаҳояшонро иҷро мекунанд.

Аз тарафи дигар, бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо барҳам додани сохтори идории вилоятӣ ба буҷаи ноҳияҳо низ маблағҳои зиёд сарфа мешавад. Оё воқеъан бо барҳам додани вилоятҳо дасти навоҳӣ, ки боз мешавад маблағҳо низ ба буҷаи навоҳӣ афзоиш пайдо мекунад?

Бечунучаро. Ин ҳам як сабаби фикру андешаи ман аст, ки як захирае ба вуҷуд меояд. Ва буҷаи навоҳӣ тақвият меёбад. Буҷаи вилоятӣ аз байн меравад. Чунки буҷаи маҳаллӣ ҳаст, буҷаи вилоятӣ ҳаст ва буҷаи ҷумҳурӣ. Буҷаи миёна, ки аз байн меравад, дар натиҷа мо метавонем, ки музди меҳнати коргарони соҳаи буҷаиро дучанду сечанд гардонем. Ва ин ба он оварда мерасонад, ки то як дараҷа порахӯрӣ кам мешавад. Имрӯз ҳисоби миёнаи маоши мардуме, ки аз буҷа музд мегирад на кам аз 200 доллар бояд шавад. Лекин имрӯз маоши ночизе, ки муаллим мегирад, духтур мегирад, корманди ҳукумат мегирад барои рӯзгоргузаронӣ кофӣ нест. Ман медонам, ки дар бисёр ҳолатҳо аз вилоят ва худи ноҳияҳо халал мерасонанд. Кори мустақилона на ҳама вақт то охир бурда мешавад. Як парвандаи ҷиноӣ боз шавад, ё як хатое аз тарафи корманди идораи молияи ноҳия шавад ё баръакс, кадом муваффақияте шавад, албатта онро боз ҳам аз нуқтаи назари маҳалгароиву ошнобозиву дигару дигарҳо инҳо азият медиҳад. Агар ҳамаи ин институтҳо барҳам хӯрад, ман дар назар дорам, ниҳодҳои вилоятиро, ниҳодҳои поёниро мустаҳкам мекунем. Мустақилияташон дучанду сечанд зиёд мешавад. Масалан, прокуратураи ноҳия ва шаҳр дар назди прокуратураи генералӣ ҷавобгӯ мешавад. Гумрук дар назди гумруки ҷумҳурӣ ҷавобгӯ мешавад. Ин идоракунӣ ҳимояи ҳуқуқи гражданинҳо, озодии сухани мардум боз ҳам пурқувваттар мешавад.

Яъне, шумо бар ин боваред, ки дар шароите, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯ ба иқтисоди озод овардааст, мавҷудияти сохторҳои идории вилоятҳо, яъне як монеъаянд дар роҳи рушди иқтисоди кишвар?

Бисёр рафиқҳо ба ман ҳикоя карданд, ки оянда вилояти Ҳисор мешаваду вилояти Рашт мешавад ва ҳамин гуна фикрҳо ҳам, ки вилояти Зарафшон мешавад, ин мутлақо нодуруст аст. На аз нуқтаи назари маънавӣ, на аз нуқтаи назари ахлоқӣ, на аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва на аз нуқтаи назари давлатдорӣ. Бародари азиз, дар Тоҷикистон, ки идоракунии президентӣ вуҷуд дорад, президент, ки худаш раиси ҳукумат ҳаст, хуб мешуд, ки дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон як намояндаи президент чӣ хеле, ки дар Русия ҳаст, бояд бошад. Ва дар вилояти барои мисол, Суғд ташкилотҳои илмиву амалӣ бояд, ки вуҷуд дошта бошанд. Аслан институти такмили ихтисоси муаллимон, такмили ихтисоси табибон, филиали Академияи улуми Тоҷикистон ё масалан ҷамъиятҳои умумиҷумҳуриявӣ бояд мавҷуд бошанд. Ва онҳо корҳои илмиву оммавию сиёсӣ ва эҷодиро мебаранд.

Мавҷудияти вилоятҳо то андозае ба маҳалгароӣ, ки гуфта мешавад, ба як дарди иҷтимоъии Тоҷикистон табдил шудааст, мусоидат мекунад. Бо ба ноҳияҳо додани мустақилияти бештар гуфта мешавад, ки ҳамин маҳалгароӣ коҳиш меёбад ва тадриҷан аз байн меравад. Назари шумо дар ин бора чист?

Ин ҳам яке аз ҳамон сабабҳои асосиест, ки ман пешниҳод карда истодаам. Ҳар ду - се сол раиси ноҳия иваз мешавад. Ман гумон мекунам, ки яке аз сабабҳои асосии иваз шудани раиси ноҳия ин вуҷуд доштани вилоят ва субъективона рафтор кардан, ноодилона рафтор кардан нисбати ин ё он ноҳияҳо. Чунки дар ин ҷо маҳалгароӣ хешу таборчигӣ, ошнобозӣ, порахурӣ вуҷуд дорад. Он нақшаҳое, ки ноҳияҳо доштанд, боло рафта ҷойи тавсияи дурусти илмӣ додан, баръакс халал мерасонанд. Ва дар натиҷа нақшаҳо иҷро намешавад. Охир ман медонам соли 1971 вақте вилояти Ленинободро таъсис доданд, ман мудири шӯъбаи Обком будам. Собиқ котиби Обком шодравон Рифъат Ҳоҷиев гуфт, 149 ҳазор тонна пахта барои вилояти мо кам аст. Ҳамон сол мо 200 ҳазор тонна пахта истеҳсол кардем. Пахтаи мо то 300- 350 ҳазор тонна баромад. Тоҷикистон аз панҷсад то як миллион тонна истеҳсол кард. Мо ба ҷойи пешрафт ба қафо рафта истодаем. Барои мисол вилояти мо то ҳамин рӯз 135 ҳазору панҷсад тонна пахта истеҳсол кард. Яъне ҳатто ба ҳамон дараҷаи соли 1971 нарасид. Ҳол он, ки ҳамон замин ҳамон обу ҳаво ва ҳамон деҳқон.
Ҳамин системаи навро ҳам агар халал расонида нашавад, пеши роҳи фючерҳоро нагирем, ин фючери ману он фючери ту нагӯем психологияи одамонро, равоншиносиро агар инкор накунему онро дастгирӣ кунем, бечунучаро мо ҳам пеш мерафтем. Ин ҷо масоиле ҳаст, ки то як дараҷа ба худиву бегона нисбат медиҳем, чунки аз боло ҳам он назорате, ки дар давраи ҳукумати Шӯро буду дар давраи роҳбарии партияи коммунистӣ буд, ин чизҳо аз байн рафт. Имрӯз мо натавонистем деҳқонро барои пешрафти пахтакорӣ ҳавасманд гардонем, чорворо тақсим карда додем, заминро тақсим карда додем. Ҳоло як механизми амалкунандае вуҷуд надорад, ки боиси пешравӣ бошад.То ҳамин солҳои наздик дар Зафаробод аз Эрон омада замин гирифта буданд. Худи шахси заминдор дар Эрон, заминаш дар Тоҷикистон. Албатта раиси вилоят ва дигар роҳбарҳо ба ин шарик шуданд ва ин аз байн бурда шуд. Лекин чунин мисолҳо хело зиёд ҳастанд.

Агар пешниҳоди Шумо қабул шуда ва дар Тоҷикистон сохтори идорӣ ва маъмурӣ бидуни вуҷуди вилоят ба роҳ монда шавад, оё дар ҳоле, ки раиси ҷумҳурӣ интихобист, фикр намекунед, ки ин таҷрибаро низ дар сатҳи навоҳӣ ва шаҳрҳо низ метавон истифода кард?

Пеш интихоби раиси ноҳияҳо мумкин набуд. Чунки зарурати яккасардорӣ дар ҳолати бесарусомонӣ мавҷуд буд. Имрӯз мо давлати ҳуқуқбунёди демокративу дунявиву ҳамагонӣ, ки ҳастем ва авзоъ мӯътадил шуд , талабот мӯътадил шуд, вақти он расидааст, ки бояд масъулияти ҳукумати ноҳия ва раиси онро боло бардорем. Давлати умумихалқӣ, ки шуд, бояд онро халқ интихоб кунад. Бо тавсиаи президент мешавад, бо маслиҳати президент мешавад, бояд раиси ноҳия интихобӣ шавад. Ин ҳаст тантанаи демократияи ҳақиқие, ки мо мехоҳем ва дар Конститутсияи мо низ ҷорӣ шудааст. Бисёр раисҳо ҳастанд, ки ман намояндаи президент мегӯянд ва аз номи президент сӯъиистифода мекунанд. Фикру андешаи мардумро ба инобат намегиранд ва гӯё ин ки ӯро фақат президент аз кор мегирад ё ба кор мемонад , яъне ин ҳам то як дараҷа инкор кардани фикри умум аст, фикри шаҳрвандон аст.
XS
SM
MD
LG