Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди минаҳо тавассути филм


СМ

Ба иттилоъи Ҷонмаҳмад Раҷабов, сардори маркази безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон, беш аз 25 млн метри мукааб мавзеъи кишвар, усулан дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ва қисмати шарқи водии Рашт, ки мавриди ҷангҳои дохилӣ қарор доштаанд, минакорӣ шудаанд. Дар ҳамин маврид, маркази мазбур ҳудуди 500.000 метри мукааб мавзеъи хатарзоро аз мина поккорӣ кардааст.

Бар асари инфиҷори минаҳо дар кишвар шурӯъ аз соли 1999 - 560 нафар фавтида ва ё маълул монда аст. Ҷонмаҳмад Раҷабов мегӯяд, ҳадафи аслии филм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба худи мардум фаҳмондани хавфу хатари мушкили майдонҳои минакӯб дар Тоҷикистон аст.

Филми мазбур, ки барои наворбардории он маркази безараргардонии минаҳо ва Барномаи рушди СММ 3.000 доллари амрикоӣ ҷудо кардааст, шоми сешанбеи 28 ноябр дар Кохи Ваҳдат ба маърази тамошо гузошта мешавад. Филм ҳамзамон роҷеъ ба заҳмати сангини сарбозҳои минакоб дар кишвар қисса мекунад, ки дар 11 моҳи соли равон онҳо 280.000 метри мукааб мавзеъи Тоҷикистонро аз 900 дона мина пок кардаанд.
XS
SM
MD
LG