Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом даста қаҳрамон мешавад - "ХИМА" ё "Регар" ТадАЗ?


Дар айни ҳол «ХИМА» бо 54 имтиёз аз 22 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ, ки нисбат ба ҳарифи аслии худ 4 бозӣ камтар анҷом додааст, бо 43 имтиёз дар мақоми дуввум мебошад. Футболбозони шаҳри Турсунзода танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар чаҳор бозии боқимонда дар майдони худ бо «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ, «Ориёно»-и Душанбе, CSКА-и Душанбе ва дар меҳмонӣ бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бори панҷум ба унвони қаҳрамонӣ даст хоҳанд ёфт.

Барои дарёфти медалҳои биринҷӣ «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров талош мекунанд.

Ҳамлагар Сӯҳроб Ҳамидов, аз дастаи «ХИМА» ва Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари тими «Парвоз», ки ҳар кадом 18 голӣ задаанд, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар мақоми аввал қарор доранд. Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком») бо 15 гол дар мақоми севвум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 28 ноябр

Б Ғ М Б Т И
1. «ХИМА» 22 17 3 2 58-15 54
2. «Регар» ТадАЗ 18 14 1 3 46-12 43
3. «Вахш» 20 13 2 5 35-18 41

4. «Парвоз» 19 12 2 5 32-24 38
5. «Тоҷиктелеком» 20 11 2 7 36-28 35
6. СSKA 20 11 1 8 36-26 34
7. «Хуҷанд» 19 7 3 9 22-30 24
8. СКА «Помир» 21 5 4 12 23-38 19
9. «Саройкамар» 20 5 2 13 27-45 17
10. «О.Каримзод» 19 3 4 12 17-36 13
11. «Ориёно» 19 3 4 12 22-44 13
12. «Динамо» 19 0 6 13 12-50 6
XS
SM
MD
LG