Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзҳои бебарқӣ интиқоли газ афзоиш меёбад


Ширкати гази Тоҷикистон эълом доштааст, рӯзҳои 28, 29 ва 30 - ноябри соли равон интиқоли гази табииро дар қаламрави кишвар мутаваққиф намесозад.


Дар ин се рӯзи ахири моҳи ноябр бинобар шурӯъи корҳои садбандӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда -1 дар саросари Тоҷикистон интиқоли барқ комилан қатъ мегардад.


Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Шавкат Шоимов, муовини раиси Ширкати гази Тоҷикистон гуфтааст, дар рӯзҳои бебарқии саросарӣ меъёри интиқоли гази табиӣ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар ҳаҷман 3- 4 соат афзоиш дода мешавад. Бино ба иттилоъи ҷаноби Шоимов, чунин тасмим бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст.


Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ҳоли ҳозир, мизони масрафи шабонарӯзии гази табиӣ дар Тоҷикистон 3 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Тоҷикистон умдатан гази мавриди ниёзи худро аз Узбакистон дарёфт мекунад. Узбакистон феълан ба далели адами пардохти ҳаққи пурраи масрафи газ интиқоли онро ба Тоҷикистон коҳиш додааст ва ба ин далел чанд корхонаи саноатии ин кишвар аз кор бозмондаанд.
XS
SM
MD
LG