Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемориҳои таносулӣ ва муҳоҷирони кории тоҷик


Бозгашти муҳоҷирини корӣ ба хонаҳояшон боъиси шодиву хурсандӣ ва хушҳолии аҳли хонавода мешавад. Вале дар баъзе аз хонаводаҳо ин хушҳолӣ кам-кам ру ба тирагӣ меорад ва миёни зану шавҳар ба истилоҳ "розе" ба вуҷуд меояд, ки аз гуфтани он ба якдигар ҳарос доранд. Коршиносон мегуянд, ин роз дар баробари пул бозёфти дигари муҳоҷирини кории тоҷик аст, ки онҳо бо худ аз Руссия меоранд. Ин чӣ розест? Тоҷикон мегуянд, "Сухан аз забони луқмон хуш аст".


"Шавҳари ман 7-8 сол шуд дар Руссия кор карда истодааст. Омад, се-чор ҳафта истоду рафт. 7-8 сол шуд ман шавҳар дорам, вале як кудак дорем. Шавҳарам омад, боз ба Руссия рафт. Ман ҳомиладор шудам. Ба духтур рафтам, вақти анализсупорӣ, то бубинам, ки ҳомиладорам ё не. Духтурҳо гуфтанд, ки касали венерический шудаӣ. Шавҳарам ба Руссия рафтааст, худашро табобат кардааст. Ман намедонам дар ин ҷо чӣ кор кунам. Боз мегуяд, касал худат будӣ, ман касал набудам. Бори ман кардааст, ки касал худат будӣ. Ман дар хона шиштагӣ, аз куҷо касал мешавам? Намехоҳад зандагӣ кардан, мегуяд, ки рав чӣ коре мекунӣ кун... Ман туро намешиносам".

Ин зан сокини шаҳри Душанбест ва бо чунин ҳол аз бурдани номаш худдорӣ кард. Вай муддате пеш дар суҳбат бо ҳамкори мо Сафаргули Олимӣ ин бемории худро эътироф кард. Оё ин танҳо занест, ки баъд аз гирифторӣ ба ин беморӣ ба азоби равонӣ гирифтор аст? Шояд вай танҳо зани гирифтори ин беморӣ нест, вале аз камтарин занонест, ки ба истилоҳ "рози хонаводаӣ"-ро ошкор ва эътироф кард, ки шавҳараш аз муҳоҷирати корӣ дар Руссия бо бемории таносулӣ баргаштааст ва уро ҳам, яъне занашро ҳам ба чунин беморӣ гирифтор кардааст.


Муҳити ҷомеъаи Тоҷикистон ва умуман хислати занони тоҷик ин аст, ки бемориии таносулиро ифшо намекунанд ва онро рози хонаводаӣ медонанд. Онҳо ба хотири маҳрумиятҳое, ки шавҳаронашон дар ҷараёни муҳоҷирати корӣ дар Руссия дидаанд, ҳамроҳ бо пули ночизи мардикорӣ чунин бемориҳоро низ азонҳо қабул ва нороҳатиҳояшро таҳаммул мекунанд. Яъне боз ҳам ҳамон масали "Аз мост, ки бар мост". Вале чунин таҳаммул ва пинҳон доштани ба истилоҳ "рози хонаводаӣ" чӣ оқибатҳое метавонад дар пай дошта бошад? Шодӣ Соҳибназаров-мудири маркази бемориҳои таносулӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора чунин мегуяд:


"Оқибатҳои бемории оташак шахсро ба маҷруҳӣ оварда мерасонад. Вақте, ки беморӣ табобат намешавад, рехтани муи сар мушоҳида мешавад ва он ба безурётии тарафайни ҳам марду ҳам зан, ба сустшавии фаъолияти ҷинсии онҳо, ба пайдоиши газаки ғудуди олати таномулии мард, яъне прастатит оварда мерасонад, ки оқибати бемории сузок мебошад. Ба нобиноӣ ва иллати мағзи сари кудаки навзод оварда мерасонад ва дар вақти бемории оташак, агар беморӣ табобат нашавад, узвҳои дохилии онҳо низ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки баъди табобат ҳамон ҷое, ки иллат бардоштааст, дигар табобат намешавад. Ҳамин хел оқибатҳои вазнин дорад".

Баъзе аз созмонҳои ғайридавлатӣ ва марказҳои иҷтимъоии тоҷикон дар Руссия барои пешгирӣ аз ин падидаи номатлуби муҳоҷирати корӣ, яъне густариши бемориҳои таносулӣ дар Тоҷикистон тавассути муҳоҷирони корӣ аз муддатҳо пеш табли хатар зада буданд. Кароматуллоҳ Шарипов-раиси Ҷамъияти Тоҷикон дар Маскав мегуяд, муттасифона, ин табли хатарро мақомоти зидахл дар Тоҷикистон нашуниданд:


"Дар ин бора соли 2005 занони "Лигаи Тоҷикон"-и Россия муроҷеъатномае ба вазири тандурустии Тоҷикистон фиристоданд. Пешниҳод шуда буд, ки муҳоҷирини кориро пас аз баргашт дар аэропортҳо ва дар вокзалҳо муоина кунанд. Лекин сад афсус, ки онҳо муъоина намешаванд. Сабаби ин бемориҳо хунукӣ аст, дигар занонро ба маъшуқагӣ гирифтан аст. Зане ҳаст, ки бо пули ночиз дар як шаб бо 10-15 муҳоҷири тоҷик хоб мекунад. Ин муҳоҷирон ҳам мехоҳанд бо чунин рафтор хислатҳои мардии худро нишон диҳанд".

Оқои Шарипов мегуяд, роҳҳои пешгирӣ аз густариши ин бемориҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ҷамъияти онҳо омода аст дар миёни муҳоҷирини кории тоҷик дар Руссия корҳои таблиғотӣ ё фаҳмондадиҳӣ пеш барад:


"Ин шармандагӣ нест, чунки мо мехоҳем роҳи бадбахтиро ҳамроҳ гирем. Агар сафорати Тоҷикистон моро дастгирӣ кунад, мо тайёрем, ки ҳар ҳафта як дафъа рузномаи худро дар ҷойҳое, ки 10 то 20 ҳазор тоҷикон ҳастанд, пахш кунем".


Бино ба маълумоте, ки созмонҳои ғайридавлатӣ ба нашр расондаанд, соли ҷорӣ 71 шаҳрванди Тоҷикистон дар Руссия аз беморӣ даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG