Пайвандҳои дастрасӣ

Рузи байналмилалии маҳви хушунат алайҳи занон


Ахиран сармоягузории СММ барои мубориза бар зидди хушунат нисбат ба соли 2004 тақрибан 4 баробар афзоиш ёфта, имруз ба 4 милён доллар мерасад. ЮНИФЕМ ё Бунёди Рушди СММ барои Занон ин маблағро дар 20 кишвар ба 28 созмон тақсим кардааст,ки он барои иҷрои барномаҳое барои таъмини ҳуқуқи зан истифода мешавад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз дарёфткунандагони кӯмакҳои молии ЮНИФЕМ ба шумор мераванд. Хонум Нолен Ҳейзер-мудири иҷроии ЮНИФЕМ ба радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз барномаҳои ЮНИФЕМ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷро мешаванд, зеро нақзи ҳуқуқи зан дар ин кишварҳо гоҳо аз суннатҳои миллии ин кишварҳо реша мегирад. Душвориҳои иҷтимоъии баъд аз даврони Шӯравии собиқ низ сабаби нақзи ҳуқуқи зан шудааст. Хонум Ҳейзер чуни мегуяд:

"Дар кишварҳое мисли Қирғизистону Қазоқистон, Узбакистону Озарбойҷон ва Гурҷистон ин мавзуъ муҳим аст, ба хусус дар ҷойҳои корӣ бисёре аз занон ба суъистифодаи ҷинсӣ ру ба ру мешаванд. Дар хонаводаҳояшон мушкил вуҷуд дорад. Бисёре аз шавҳарон ҷои кори худро аз даст медиҳанд ва ру ба майхорагӣ меоранд. Ин падида дар ҳоли густариш аст. Вале мо дар ин роҳ маъракаҳое анҷом додаем. Мо барномаҳоямонро бештар ба Осиёи Марказӣ тамаркуз додаем".

Баъд аз арӯсиҳои қабл аз вақт духтарон маҷбур мешаванд, вориди алоқаҳои ҷинсӣ шаванд, ки ин ба вазъи ҷисмонӣ ва ҳолати равонии онҳо зарар меорад. Чунин равишро ЮНИФЕМ нақзи ҳуқуқи занон медонад. Чунин арусиҳои барвақтии духтарон дар Афғонистону Покистон хеле зиёд аст. Дар Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон низ арусиҳои барвақтӣ вуҷуд дорад.

Тибқи маълумоти СММ беш аз нисфи духтарон дар Афғонистон қабл аз синни 16 солагӣ ба шавҳар мебароянд. Душвориҳои иқтисодӣ сабаби чунин арусиҳо шудааст ва баъзе хонаводаҳо бо дарёфти маблағе аз тарафи домод дар ивази духтари ноболиғи худ зиндагиашонро пеш мебаранд. Ҳоло дар Афғонистону Тоҷикистон, Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Қирғизистон ва Руссия намояндагиҳои ЮНИФЕМ фаъолият мекунанд ва ҳадафи онҳо мубориза бо хушунат алайҳи занон мебошад.

Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва собиқ Шуравӣ қочоқи занон падидаи дигари нақзи дағалонаи ҳуқуқи занон ба шумор меравад. То ҳол шумораи заноне, ки ҳар сол ба дасти қочоқгарон меафтанд, маълум нест.Вале бино ба баъзе маълумот соле аз 500 ҳазор то ду милён зан мавриди қочоқ қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG